Ҳокимияти судӣ
Эҳтироми Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар мадди аввал
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қонуни олии давлати соҳибистиқлоли мо роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд.
Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуд, кишвари моро ба шоҳроҳи тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас, роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Бо назардошти он ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мубошад, маҳз Конститутсия риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.
Имрӯз ҳокимияти судӣ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ин талабот бевосита дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор кодексу қонунҳо возеҳ дарҷ шудааст. Тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат вазифаи асосии ҳокимияти судӣ муқаррар шудааст. Ин вазифаҳо, ки хеле муҳиму мураккаб ва, дар навбати худ, муқаддасу муқаддам мебошанд, бо назардошти принсипҳои демократию ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии кишвар, инчунин, дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузории ҷорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардидаанд, бо роҳи баррасии парвандаҳои конститутсионӣ, маданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ аз тарафи мақомоти судӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар баробари ин, кормандони мақомоти судӣ шаҳрвандонро қабул ва муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ мекунанд, ҷиҳати ҳалли мушкилоташон дар доираи муқаррароти қонунгузории кишвар ва салоҳияташон чораҳои зарурӣ меандешанд, ба онҳо тавсияҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси мо - кормандони мақомоти судӣ аст, ки ба меъёрҳои Конститутсия такя карда, ояндаи дурахшони Ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин ва дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем. Яъне, зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ зиндагӣ ва барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш кунем. Мардум, хусусан, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия намоем, зеро равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шаванд, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирад.
Қудратулло САФАРЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
