Эмомалӣ Раҳмон
Абармарде, ки ҳар рӯз таърих меофаранд
Ба ҳам пайванд шудани мушти хоке аз турбати қаҳрамонони миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангу маорифи тоҷик Нисор Муҳаммад бо хоки муқаддаси Ватан, ки соли 1937 қурбони репрессияҳои сиёсӣ шуда буданд, яке аз рӯйдоди муҳиму таърихӣ дар давлатдории навини мо маҳсуб меёбад. Ин амали неку хотирмон бо иқдоми наҷиб ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд.
Ин рӯйдод бори дигар собит намуд, ки фитрати Сарвари давлати мо аз шаҳомату азамат сиришта шуда. Президенти кишвари мо бо ташаббусҳои неку мондагорашон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз таърих меофаранд, аз ибтидои давлатдориашон ҳама иқдомоташон ба манофеи миллату давлат равона шудааст. Ташаббуси навбатии Роҳбари фарзонаи давлатамон идомаи мантиқии иқдомотест, ки дар масири эҳёи таъриху фарҳанги миллат анҷом додаанд. Он шабеҳи пок кардани доғи иттиҳомоти таърихӣ аз чеҳраҳои бузургони миллат, наҷоти таърих аз таҳрифот аст.
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ Пешвои муаззами миллат нафақат як давлати навини миллӣ сохтаанд, балки тафаккури миллиро мумтозона бунёд гузоштанд. Ба чеҳраҳои мондагори миллат - Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, бузургдошти Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ғаззолӣ, тақдими китоби муқаддаси Қуръон, асарҳои безаволи «Тоҷикон»-у «Шоҳнома» ба мардум, умуман, таблиғи китобу китобхонию илмомӯзӣ аз ташаббусҳои мондагори Пешвои миллат мебошанд ва ин ҳама боис гашта, ки як консепсияи тафаккури миллӣ дар кишвари мо ташаккул ёбад.
Ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон - ин ду мафҳум бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Қаҳрамонон на танҳо шахсиятҳои саҳифаҳои китоби таъриханд, балки таҷассуми зиндаи руҳи миллат, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои роҳнамои он ба шумор мераванд.
Вақте ҷомеа робитаи худро бо решаҳои таърихиаш аз даст медиҳад, ояндаро низ мебозад. Назарияпардозони сиёсат бар он андешаанд, ки «Давлате агар асолати худро қадр намекунад, шаҳрванд надорад - он ҷо танҳо тобеоне ҳастанд, ки омодаанд ба ҳар касе, ки пул медиҳад, хидмат кунанд». Қаҳрамонон ба монанди оинаи миллатанд ва ҳувияту сипари мо. Имрӯз, дар даврони чолишҳои ҷаҳонӣ ва якранг шудани арзишҳо ҳифзи ҳувият ба масъалаи умдаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Бе дарки дақиқи он ки «мо кистем?» ва «аз куҷо омадаем?», ҷомеа ба як тӯдаи бешаклу беном мубаддал мегардад.
Файласуфи барҷастаи асри ХХ Раймон Арон таъкид карда буд: «Миллат то даме зинда аст, ки шаҳрвандони он дорои хотираи муштарак аз гузашта ва дидгоҳи умумӣ нисбат ба оянда бошанд. Ба маҳзи он ки эҳтиром ба муқаддасоти муштарак аз байн меравад, миллат низ дучори таназзул ва пошхӯрӣ мегардад».
Иқдоми Пешвои муаззами миллат- ба Ватан овардани мушти хок аз оромгоҳи фарзонафарзандони миллат бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ ва эҳтироми хос, дар асл, бузургдошти руҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, эҳтиром ба хидматҳои мондагори онҳо, гузашта аз ин, як нав муқовимат ба бегонашавию гумномӣ аст. Посдории ҳувият, таърих ва арзишҳоест, ки миллати мо бар пояи онҳо шакл гирифтааст. Қаҳрамонҳои миллати мо чӣ дар майдони набард ва чӣ дар арсаи илму фарҳанг ва чӣ дар масири сиёсат дифоъ аз марзу буми меҳан, аз таъриху фарҳанги миллат кардаанд ва чароғи роҳи ояндагон афрӯхтаанд.
Ҷисму руҳи инсоният ҳамеша ба хоки Ватан майл дорад, ба қадри кӯчаҳои меҳан, ба қадри ҳавои пуратри меҳрубонӣ бояд расид. Ватан фақат хок нест, руҳ асту реша.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи
саломатӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
