https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Мавсума Муинӣ бо иштирокдорони Форуми ҳизбҳои сиёсӣ

№:71 (5123), 15 июн 2026, 09:01
1

12-уми июни соли 2026 вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати роҳбарону масъулони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯсту ҳамкор, ки барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» дар шаҳри Душанбе гирд омада буданд, баргузор шуд.

Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ ва мубодилаи таҷриба аҳамияти махсус медиҳем, зеро ин раванд ба таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва субот дар муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

- Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон вакилони панҷ ҳизби сиёсӣ - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, баробарӣ ва ҳамкории созанда амалӣ менамоянд,- иттилоъ дод Мавсума Муинӣ .

Дар шароити муосир дипломатияи байнипарлумонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо арзёбӣ шуд, ки он ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти олии қонунгузори кишварҳо мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи намояндагони мардум муҳокима гарданд.

Ҳамкориҳои пайвастаи байнипарлумонӣ бо Россия, Чин, Озарбойҷон, Беларус, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои дӯст таъкид гардид.

Баъд аз мулоқот ҳайати меҳмонон аз толорҳои барҳавои ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон боздид намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: