Гузоштани санги асоси сохтмони маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе
13-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни шиносоӣ ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ бо 204 ҷойи мошин иборат мебошад.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар паҳлуи маҷмаа меҳмонхонаи муҳташами панҷситорадори дорои 340 ҳуҷраи барҳавои люкс ва стандарт бунёд хоҳад шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулон ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳ ва сифати баланду ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохтани маҷмааи мазкур дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
