https://sadoimardum.tj

КМИР ХАБАР МЕДИҲАД

№:71 (5123), 15 июн 2026, 12:55
6

15-уми июни соли 2026 ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаи тасдиқи натиҷаи ниҳоии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27, ки санаи 14 июни соли 2026 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ ба таври алтернативӣ аз ҳисоби пешниҳоди ташкилоти ибтидоии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии мазкур амалкунанда ва шаҳрвандон ба таври худпешбарӣ панҷ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.

Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ рӯзи 14 июни соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 116 640 (86,4%) интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар овоздиҳӣ иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18 қонуни конститутсионии болозикр аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ баргузоршуда ҳисобида шуд.

Интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 ба таври ошкоро, шаффоф, озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар асоси моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар интихоботи баргузоргардида номзад Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бо гирифтани 77 450 (66,4%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо қарори комиссияи марказӣ ба қайд гирифта, ваколатҳояш тасдиқ карда шуд.

КМИР

Ҳамчунин дигар маводҳо: