Номаҳои табрикӣ
12-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Валентина Ивановна,
Шуморо ба муносибати ҷашни давлатии Федератсияи Россия - Рӯзи Россия самимона табрик менамоям.
Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Итминон дорам, ки муколамаи парламентӣ байни кишварҳоямон ба манфиати мардумони бо ҳам дӯсти мо пайваста тақвият хоҳад ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Валентина Ивановна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳо ва ба халқи Федератсияи Россия сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».
* * *
12-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, ба Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Володин Вячеслав Викторович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Вячеслав Викторович,
Шуморо ба муносибати ҷашни давлатии Федератсияи Россия - Рӯзи Россия самимона табрик менамоям.
Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Итминон дорам, ки муколамаи парламентӣ байни кишварҳоямон ба манфиати мардумони бо ҳам дӯсти мо пайваста тақвият хоҳад ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Вячеслав Викторович, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳо ва ба халқи Федератсияи Россия сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».
Ҳамчунин дигар маводҳо:
