Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ираклий Кобахидзе
20-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дошт, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр шуд, ки робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Гурҷистон соли 1994 барқарор шуда, пайваста рушд меёбанд. Маҷлиси намояндагон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо парламентҳои 69 кишвар, аз ҷумла кишварҳои Қафқоз, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст.
- Бо мақсади таҳкими дипломатияи парламентӣ, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани муносибатҳо, ташаккули устувори муносибатҳои байнипарламентӣ 25 апрели соли 2025 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо Парламенти Гурҷистон таъсис дода шуд. Мо итминон дорем, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ минбаъд тақвият ёфта, мубодилаи доимии таҷрибаи қонунгузорӣ бо сохторҳои дахлдори Парламенти Гурҷистон вусъат меёбад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва коркарди самтҳои наву ояндадори ҳамкориҳои мо мусоидат менамояд, - гуфт Файзалӣ Идизода.
Изҳори боварӣ шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи нав мусоидат хоҳад кард.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
