https://sadoimardum.tj

Иштироки Файзалӣ Идизода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ

№:79 (5131), 25 июн 2026, 16:37
3

19-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пешвои миллат – ташаб­бускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ», ки бо ибтикори Кумитаи иҷ­роияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикис­тон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, мутаассифона, Тоҷикистон мубталои буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда, дучори хисороти зиёди ҷониву молӣ гардид. Дар ин шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, 16 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб вакилони мардумӣ тақдири минбаъдаи давлату миллатро ба муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. Дар нахустин сухан­ронӣ ба ҳайси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «... кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».

- Гуфтушунид баҳри ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 нуқта гузошта шуд.

Албатта, дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва волоияти қонун таъмин аст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ дар сатҳи шоиста эҳтиром дорад. Ҳифз ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ вазифаи инсонӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мост. Аз ин рӯ, беш аз пеш ба ҳам омадан, истиқлолу ваҳдати миллиро ҳифз намудан ва дар зери парчами ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муттаҳид шудан аз масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбанд. Итминони комил дорам, ки бо ҳадафҳои неку созанда ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллати мо ва сулҳу суботи давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи мо ҷовидонист, - иброз намуд Файзалӣ Идизода.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: