https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони форуми «Кӯдакони Иттиҳод»

№:79 (5131), 25 июн 2026, 16:38
4

23-юми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирокдорони Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод»-ро ба ҳузур пазируфт.

Файзалӣ Идизода, нахуст, ташрифи иштирокчиёни форумро ба бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосир, истиқлолият, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди кишварамон мебошад, хайрамақдам гуфт.

- Барои мо шарафи бузург аст, ки иштирокчиёни Форуми «Кӯдакони Иттиҳод»-ро дар сарзамини бос­тонӣ ва меҳмоннавози Тоҷикистон истиқбол менамоем. Тоҷикистон ба масъалаҳои дастгирии кӯдакон ва ҷавонон аҳамияти махсус медиҳад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сиёсати пайгиронаи давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия, рушди ҳамаҷониба ва худшиносиву худтакмилдиҳии насли ҷавон равона гардидааст.

Имрӯз шумо дар бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор доред. Сафари шумо ба кишвари мо аҳамияти махсус дорад. Маҳз ҷавонон неруи созандае мебошанд, ки дар оянда рушди давлатҳо ва сарнавишти тамоми башариятро муайян хоҳанд кард, - афзуд Файзалӣ Идизода.

Зикр гардид, ки Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» кайҳо боз ба яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои башардӯстона дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табдил ёфта, дар тӯли солҳои фаъолият садҳо ҷавонони боистеъдод ва фаъолро муттаҳид намудааст, ки сарфи назар аз ­гуногунии забонҳо, анъанаҳо ва фарҳанг­ҳо тавонистаанд забони умумӣ пайдо намуда, бо ҳам дӯсту бародар гарданд.

Ҳадафи баргузории форум муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои иттиҳод арзёбӣ гардида, бо ин мақсад беш аз сад нафар намояндагони насли ҷавони кишварҳои ИДМ аз 15 то 23-юми июни соли равон дар Тоҷикистони азиз қарор доштанд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: