Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Холид ибни Абдуллоҳ
22-юми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ Аш-Шамрониро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат иброз шуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихӣ ва муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд маншаъ мегирад.
- Ҳамкориҳои байнипарламентии кишвари мо бо Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ солҳои охир вусъати тоза пайдо намудааст. Дар таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ мунтазам муколама, сафарҳо ба кишварҳои ҳамдигар ва мулоқоту вохӯриҳо барпо мегарданд, ки барои пешрафт ва устувор гардидани робитаҳои дӯстиву бародарӣ байни мардумонамон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имконияти фаровони то ҳол истифоданашуда зиёданд, - афзуд Файзалӣ Идизода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
