БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ ВА КАСБОМӮЗӢ
19-уми июни соли 2026 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷират, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, касбомӯзӣ, риояи қонун ва одату анъанаҳои давлатии будубош ҷаласа баргузор шуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди бозори байналмилалии меҳнат равандҳои муҳоҷират дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбанд. Муҳоҷирати муваффақонаи меҳнатӣ на танҳо малакаҳои касбӣ, балки донистани забонҳои хориҷиро низ талаб мекунад, ки рақобатпазирии шаҳрвандонро баланд бардошта, барои пайдо намудани кори муносиб дар хориҷ мусоидат менамояд.
Рушди нақлиёт ва технологияҳои иттилоотӣ муҳоҷирати байналмилалиро осонтар намудааст. Мутахассисони соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, тиб, муҳандисӣ, сохтмон ва маориф дар бозори меҳнат талаботи бештар доранд.
Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон, ки сиёсати самараноки муҳоҷирати меҳнатиро роҳандозӣ кардаанд, тавонистаанд онро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакати худ истифода баранд.
- Мо ҳамчун намояндагони мардум вазифадорем, ки дар баробари иҷрои рисолатамон, ҳамчунин, саҳми худро дар татбиқи «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» гузорем, корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи маҳал ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба роҳ монем, роҳу усулҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва босамарро ба онҳо тавсия диҳем. Мусоидат намоем, ки ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар амал татбиқ гарданд, - таъкид намуд Шермуҳаммад Шоҳиён.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳояшон аз роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ посух гирифтанд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
