https://sadoimardum.tj

Ду фарзанди Бадахшон, як ормон, як рисолат

№:84 (5136), 06 июл 2026, 16:45
8

Аз ҷонфидоии Шириншоҳ Шоҳтемур то хидматҳои мондагори Алишер Мирзонабот

Таърихи миллатҳоро шахсиятҳое месозанд, ки манфиати Ватанро аз манфиати шахсӣ болотар мегузоранд ва тамоми ҳастии худ­ро барои хизмат ба мардум мебахшанд. Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ чун ду фарзанди фарзонаи Бадахшон сабт гардидааст. Гарчанде онҳо дар ду давраи гуногуни таърих зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, аммо ормон ва ҳадафашон як буд - хизмат ба Ватану миллат, таҳкими давлатдорӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистон.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар марҳилаи сарнавиштсози таърихи миллат барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон, ташкили давлати Тоҷикистон, ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурд. Ӯ гуфта буд: «Куҷое набошам, дар миёни тоҷикон бошам». Ин сухан танҳо ифодаи муҳаббати як шахс ба миллат набуд, балки рисолати фаъолияти меҳнатию зиндагии ӯро таҷассум мекард.

Пас аз даҳсолаҳо фарзанди дигари Бадахшон - Мирзонабот Алишер Худобердӣ низ дар ҳамин руҳия ба камол расид. Ӯ пайваста таъкид менамуд: «Ман тоҷикам ва манфиатҳои миллату давлат аз ҳама манфиатҳои дигар бароям болотар мебошанд». Ин суханон низ танҳо як шиор не, моҳияти тамоми фаъолияти давлатӣ ва зиндагии ӯро инъикос мекарданд.

ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳангоми ёдоварӣ аз фаъолияти Мирзонабот Алишер Худобердӣ бояд бо эҳтироми хос таъкид намуд, ки ӯ аз ҷумлаи кадрҳои соҳибтаҷриба, ватандӯст ва тарбиятёфтаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Маҳз сиёсати кадрии дурандешонаи Пешвои миллат имкон дод, ки дар солҳои гуногун ҷавонони соҳибмаърифат ва содиқ ба миллату давлат ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб шаванд.

Дар яке аз давраҳои ҳассос ва сарнавиштсози таърихи навини Бадахшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба дониш, таҷриба, ирода ва садоқати ӯ эътимод карда, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин намуданд. Ин интихоб тасодуфӣ набуд. Сарвари давлат хуб медонистанд Бадахшон ба роҳбаре ниёз дорад, ки ҳам дарди мардумро фаҳмад, ҳам манфиати давлатро ҳимоя кунад ва ҳам тавонад сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилоят дуруст амалӣ намояд.

Мирзонабот Алишер Худобердӣ ин эътимоди Пешвои миллатро ҳамчун амонати бузург қабул намуда, то охирин рӯзи фаъолият, то вопасин нафас ба он содиқ монд.

РУШДИ БЕСОБИҚАИ БАДАХШОН

Солҳои роҳбарии Мирзонабот Алишер Худобердӣ давраи рушду созандагии бесобиқаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандона, дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Бадахшон аст. Дар баробари ин, нақши роҳбарияти вилоят дар татбиқи амалии ин сиёсати созанда низ назаррас буд.

Солҳои 2021-2025 Бадахшон ба дараҷае рушду нумуъ кард, ки дар таърихи вилоят беназиранд. Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти минтақа ба беш аз 3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 се баробар зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ беш аз 2 баробар зиёд шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 43 ба 191 расонида шуд. Танҳо дар панҷ соли охир зиёда аз 3863 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Зиёда аз 61 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд ва сатҳи бекорӣ беш аз ду баробар коҳиш ёфт. Маблағи буҷети вилоят аз 292 миллион сомонӣ ба 777 миллион сомонӣ расид, ки аз таҳкими иқтидори иқтисодии вилоят шаҳодат медиҳад. Истеҳсоли неруи барқ аз 44 мегаватт ба 70 мегаватт расонида шуд ва ҳама деҳаҳои вилоят бо барқи доимӣ таъмин гардиданд.

Дар солҳои роҳбариаш Бадахшон ба майдони бузурги созандагию бунёдкорӣ табдил ёфт. Роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, боғчаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд гардиданд, вале ин ҳама рушду пешрафтро марҳум Алишер Мирзонабот фақат як ҷаҳиш дар фаъолияти корӣ унвон менамуд, на бештар аз ин.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти раиси вилоят омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буд. Ӯ ин солро соли таърихӣ номида, пайваста таъкид мекард, ки ҳамаи ҷашнҳо бояд дар сатҳи баланд ва бо руҳияи миллӣ баргузор гарданд. Ҳамин буд, ки Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Хоруғ ба як ҷашни бошукӯҳ табдил ёфт. Давоми се рӯз чорабиниҳои идона, роҳпаймоии васеъ, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Ваҳдати миллӣ низ нақшаи муфассал дошт. Барои дар Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо шукӯҳу шаҳомат баргузор намудани он омодагии ҷиддӣ мегирифт. Аммо тақдир ҳукми дигар кард ва ин фарзанди содиқи Ватанро пеш аз амалӣ шудани ормонҳои бузургаш барои ҳамеша аз мо ҷудо намуд…

БА ФАРДОИ ДУРАХШОН БОВАР ДОШТ

Алишер Мирзонабот танҳо роҳбари сиёсӣ набуд. Ӯ, пеш аз ҳама, заҳматкашу ободкор буд. Ба ҷавонон бовар дошт, соҳаи варзишро дастгирӣ мекард, барои рушди сайёҳӣ шароит фароҳам меовард ва ҳамеша мегуфт, ки Бадахшон сарзамини имконияти бузург аст.

Дар рӯзҳои сахти офатҳои табиӣ худро канори мардум мерасонд. Дар ноҳияҳои дурдаст шабро рӯз мекард. Масофаҳои тулонӣ ва роҳҳои душвор барои ӯ монеа шуда наметавонистанд. Мехост мардум зиндагии беҳтар дошта бошад, Бадахшон зеботару шукуфотар шавад ва барои ин бисёр ҷаҳду талош мекард. Мехост ҷавонон ба ояндаи худу ояндаи босаодати Ватан бовар дошта бошанд.

Онҳое, ки бо Алишер Мирзонабот фаъолият доштанд, хуб медонанд, ки ӯ ҳамчун шахси аз мактаби низомӣ гузашта ба интизом, масъу­лият ва иҷрои дақиқи вазифаҳо таваҷҷуҳи хоса медод. Иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳоро қатъӣ талаб мекард ва дар ин масъала саҳлангориро намепазируфт. Аммо ин ҳама серталабӣ аз рӯи хурдагирию сахтгирӣ набуд, балки аз эҳсоси баланди масъулият дар назди давлат ва мардум сарчашма мегирифт. Хуб медонист, ки рушду пешрафти вилоят танҳо тавассути меҳнати софдилона, интизоми баланд ва муносибати ҷиддӣ ба кор имконпазир аст.

Мо, занону бонувоне, ки дар паҳлуи ӯ фаъо­лият мекардем, худро низ то ҷое бонувони низомӣ эҳсос менамудем. Зеро роҳбари мардумӣ аз ҳар як корманд, новобаста аз вазифа ва мақом, ҳамон масъулиятшиносӣ, садоқат ба кор ва интизоми баланди хизматиро талаб мекард. Чунин муносибат барои мо мактаби воқеии роҳбарӣ, давлатдорӣ ва хизмати содиқона ба Ватан буд ва ҳаст.

ДУ МАРҲИЛА, ЯК РИСОЛАТ

Имрӯз вақте зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мирзонабот Алишерро муқоиса мекунем, мебинем, ки онҳоро на танҳо зодгоҳ, балки рисолати муштарак ба ҳам мепайвандад.

Шириншоҳ барои муайян кардани сарнавишти миллат, бунёди Тоҷикистон мубориза бурд. Алишер барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат кашид. Шириншоҳ мегуфт: «Куҷое набошам, дар миёни тоҷикон бошам». Алишер мегуфт: «Ман тоҷикам ва манфиатҳои миллату давлат аз ҳама манфиатҳои дигар бароям болотар мебошанд».

Ин ду ҷумла, ки дар ду давраи гуногуни таърих садо додаанд, дар асл, як маъно доранд - садоқат ба миллату давлат, ба Тоҷикистони азиз. Аз ҳамин ҷост, ки номи ҳарду фарзанди барӯманди Бадахшон дар саҳифаҳои таърих ва дар хотираи мардум абадан боқӣ хоҳад монд. Яке чун поягузори Тоҷикистон, дигаре ободгари Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Якеро таърих офарид, дигаре дар мактаби Пешвои миллат ба камол расид ва ба халқу Ватан содиқона хизмат кард. Ҳарду собит намуданд, ки муҳаббат ба миллат, садоқат ба давлат ва хизмат ба мардум арзишҳое ҳастанд, ки номи инсонро ҷовидона мегардонанд.

Бо ҳукми тақдир риштаи умри фарзанди содиқи Ватан Алишер Мирзонабот бармаҳал ва ба таври фоҷиавӣ канда шуд, вале шахсиятҳое чун Алишер Мирзонабот бо тарки ин дунё аз миёни мардум намераванд. Воқеан, ӯ бо номи нек, хизматҳои арзишманд, ҷасорат, иродаи қавӣ ва фаъолияти пурмаҳсули давлатӣ дар дили пиру барнои Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд. Мардум аз ӯ ҳамеша чун фарзанди содиқи Ватан, дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мардумӣ ва ободгари сарзамини кӯҳсор ёд хоҳанд кард.

Ёдаш бахайр, руҳаш шод, манзили охираташ пурнур бод!

Тоҷинисо ФАЙЗУЛЛОБЕК,

сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ

Ҳамчунин дигар маводҳо: