Ваҳдати миллӣ
Мо онро аз касе ба орият нагирифтем
Он рӯзҳо аксари мардуми тоҷик танҳо дар андешаи пайдо кардани ризқу рӯзӣ буданд. Хандаву шодмонӣ, осуда хобиданро аз ёд бурда буданд. Барои ба даст овардани як луқма нон рӯзҳои тӯлонӣ интизорӣ мекашиданд. Пас аз чунин интизорӣ баъзан бо дасти холӣ ба хона бармегаштанд ва аз фарзандони хурдсоли худ саволи соддаи «Нон овардед?»-ро мешуниданд. Чашмонашон пур аз об мегардид ва ҷаҳон дар назарашон тира менамуд.
Мардум аз ин машаққат хаста буданд. Дигар тоқати таҳаммули ин дарду ранҷро надоштанд. Ба саволи «То кай ранҷу душвориҳои зиндагиро ба дӯш кашем?» ҷавоб меҷустанд. Орзу мекарданд, ки мусибат ҳарчӣ зудтар поён ёбад. Ҳама интизори фаро расидани рӯзҳои нек, зиндагии озоду осуда ва дур аз ғаму ноумедӣ буданд. Орзу доштанд зиндагӣ кунанд, зиндагие, ки орӣ аз низоъ, талафот ва ранҷу азоб бошад.
Баъзеҳо барои наҷоти худ роҳи муҳоҷиратро интихоб карданд, дигарон барои озодӣ ҷоннисорӣ намуданд ва гурӯҳе қурбони ҳаводиси талхи замон гардиданд. Аммо аксари мардум бо талошу ҷонфидоии фарзандони фарзонаи Ватан ба ояндаи равшан умед бастанд. Онҳо муттаҳид шуданд, барои пойдории давлат талош карданд ва истиқлолеро, ки баъд аз асрҳои зиёд соҳиб шуда буданд, ҳифз намуданд. Бо заҳмату ҷоннисорӣ сулҳу суботро, ки орзуи миллионҳо инсон дар ҷаҳон аст, ба сарзамини аҷдодӣ баргардонданд.
Хушбахтона, он неъмати бебаҳо, ки дар оғози истиқлол ба даст омада буд ва хатари аз даст рафтанаш вуҷуд дошт, ҳифз шуд, дубора устувор гардид. Дар ҳар хонадони тоҷик чароғи озодӣ аз нав равшан шуд ва истиқлол ҳамчун гаронбаҳотарин сарвати миллат эмин нигоҳ дошта шуд. Бо он сулҳу оромӣ, ки аз арзишмандтарин неъматҳои таърих аст, ба кишвар баргашт. Ин дастоварди бузург ва қаҳрамонии воқеист, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин санади сарнавиштсоз ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои барқарор гардидани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми неру, донишу таҷрибаи худро баҳри барқарор намудани сулҳ ва муттаҳид сохтани миллат равона намуданд. Бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин абармард музокироти сулҳ оғоз гардида, дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷомид.
«Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти нек, виҷдони пок ва бо мақсади худшиносӣ баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯйи кор овардем». Ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи онанд, ки ваҳдати миллӣ маҳсули ирода, хирад ва фарҳанги сулҳпарваронаи худи мардуми тоҷик мебошад.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз қадим миллати фарҳангпарвар, сулҳҷӯ ва ваҳдатофар будаанд. Гарчанде дар давраҳои гуногун ба мушкилоту озмоишҳои сангин рӯ ба рӯ шуданд, аммо ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои маънавии худро ҳифз намуданд. Маҳз ҳамин вижагиҳо дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ барои барқарор гардидани сулҳу оштӣ мусоидат карданд.
Маҳз неъматҳои беназир - ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлат аст, ки имрӯз зиндагии шоиста дорем, орзуҳоямон ҷомаи амал мепӯшанд, нақшаву ҳадафҳоямон амалӣ мешаванд ва кӯдакон бо лабони хандон дар фазои амну осоиш бозӣ мекунанд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз рӯзгори саодатмандона дорем, ситораи бахтамон медурахшад ва зиндагии орому пурнишот ба сар мебарем. Касе садди роҳи зиндагӣ ва интихоби ояндаи мо намегардад. Орзуҳоямонро бо меҳру муҳаббат амалӣ месозем ва аз самараи онҳо баҳра мебарем.
Хушбахтӣ, оромиши руҳ ва фазои амну субот насиби мост. Бешубҳа, ҳамаи ин самараи ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳидии халқи тоҷик аст. Моро зарур аст, ки ин ганҷи бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳким, пойдорӣ ва рушди минбаъдаи он беш аз пеш саъю кӯшиш намоем.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
