Истиқлолу ваҳдати мо ҷовидон бод!
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик падидаҳои арзишмандтарин мебошанд, зеро ин ду омили ба ҳам тавъам барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон заминаи воқеӣ гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкорию созандагӣ ба шумор рафта, дар таърихи мо - тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳкими низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Дар сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ аз шумори ҳамин падидаҳо мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Пас аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин падида барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ҳамзистии осоишта, шароити бомароми созандагию ободкориро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва давлатдории навини миллӣ аз рӯйи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор гузошт.
Воқеан, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли тоҷикон кам халқе во мехӯрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба баландтарин қуллаҳои рушду нумӯъ расидааст. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонибинӣ ва эҳсоси худшиносию ифтихори миллии ҳамватанон торафт таҳкиму густариш меёбад.
Мо ба ин дарк расидем, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва, ҳамзамон, аз ҳар як фарзанди ин миллату сарзамин масъулияти бузург талаб дорад. Бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танҳо худ бомасъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомӯзонем, инчунин, тамоми донишу таҷриба, неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳама захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем. Сулҳу ваҳдати сартосариамонро, ки бо ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, қадр кунем ва барои бақои он дар дилхоҳ шароит талош варзем, зеро ваҳдат неруест, ки Истиқлоли давлатии моро умри дубора бахшид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши онро баробар ба Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ кардаанд.
Имрӯзҳо, ки аз замони кору пайкорҳои расидан ба сулҳу ваҳдат наздик ба 30 сол сипарӣ мешавад ва мо дар фазои комилан амну осоиш зиндагӣ дорем, наврасону ҷавононро мебояд дар фаҳму дарки муҳимияти ҳифзи он саҳлангорӣ накунанд. Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз омили асосии рушду пешрафти кишвар, зиндагии обод ва хушу хуррами шаҳрвандон аст, осон ба даст наомада, натиҷаи ҷонфидоиҳои Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Моро мебояд бо кору амали созанда дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Барои як миллати бостонии соҳибдавлат арзишмандтар аз озодиву худсолорӣ боигарӣ, иззату шараф ва муҳаббати дигаре вуҷуд дошта наметавонад.
Далер ЗУҲУРЗОДА,
раиси суди шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар маводҳо:
