https://sadoimardum.tj

Истиқлоли энергетикӣ ва уфуқҳои тозаи рушд

№:85 (5137), 08 июл 2026, 16:16
6

Бисту нуҳ соли сипаришуда собит кард, ки барои мардуми Тоҷикис­тони соҳибистиқлол неъмати азизтар ва бузургтар аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, вуҷуд надорад. Маҳз, дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла энергетика, рушд намуда, Тоҷикистон ба кишвари пешрафта табдил ёфту ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузори пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардид.

Тибқи таҳлилҳо, маҳз, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъ дар кишвар ба эътидол омада, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи нави рушди иқтисодиёти мамлакат оғоз шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳадафҳои стратегии кишварамонро муайян намуда буданд, ки мақсад аз он таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Бояд гуфт, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишварро бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, баъди барқарор гардидани сулҳу субот барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 15 миллиард сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 13,85 миллиард киловатт-соати соли 1997 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонида шуд, ки нисбат ба аввали солҳои соҳибистиқлолӣ 10,35 миллиард киловатт-соат ё 74,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, 20-уми ноябри соли 2025 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ду лоиҳаи нави энергетикӣ - неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд. Иқтидори умумии неругоҳҳои офтобии бунёдшаванда 500 МВт-ро ташкил дода, амалишавии лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани таъминоти неруи барқи минтақаҳо, афзоиши ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» ва таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҷиҳати боз ҳам пеш бурдани принсипи иқтисоди «сабз» дар соҳаи гидроэнергетика ва амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» татбиқи лоиҳаҳо ва чорабиниҳои дар самти истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтоб ва шамол, дар назар гирифта шудааст, ки иқтидори истеҳсоли неруи барқ то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1500 МВт расонида шавад.

Бо назардошти аҳамияти стратегии соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикаро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян намуд. Дар ин замина, баҳри таъмини бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ сохтмон ва ба истифода додани як қатор иншооти муҳими энергетикӣ амалӣ гардид. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (400 МВт), ду агрегати аввали НБО «Роғун» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 320МВт, сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба шумор мераванд.

Дар ин замина, Неругоҳи барқи обии «Роғун» чун бузургтарин иншооти энергетикии кишвар аҳамияти махсус дорад.

Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи лои­ҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Хуталон», «Айнӣ», «Ёвон», «Санобод», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Фондарё» ва «Чарсем» корҳои таҳқиқотӣ ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ идома доранд.

Мусаллам аст, ки бе рушди соҳаи энергетика пешрафти устувори иқтисодиёти миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ғайриимкон мебошад. Беҳуда нест, ки энергетикаро «локомотив» ё неруи пешбарандаи иқтисодиёт меноманд, зеро маҳз ин соҳа заминаи боэътимоди фаъолияти тамоми бахшҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозад.

Расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, маҳз, самараи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар буда, ин дастовард барои пешрафти Тоҷикистони соҳиб­истиқлол уфуқҳои тозаи рушдро боз намуд.

Насрулло ҲАСАНЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: