https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Чен Сяодун

№:85 (5137), 08 июл 2026, 16:18
3

Ҳафтуми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Агентии Чин оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.

Дар оғоз ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгириҳои пайвастаи Чин дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

Зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо Агентии Чин оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои рушди устувор аҳаммияти муҳим дорад.

Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, рушди инфрасохтор, рақамикунонӣ, тандурустӣ ва маориф, омодасозии мутахассисон ва татбиқи дигар барномаҳои рушди иҷтимоиро муҳокима намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла барои идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави рушд аз ҷониби Агентии Чин оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, иброз намуданд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: