https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ҷон Сонг Шик

№:86 (5138), 13 июл 2026, 13:30
5

8-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот намуд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо заминаи устувори эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаро ташаккул додаанд, ки натиҷаи он густариши робитаҳои сиёсӣ, парламентӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ мебошанд.

- Дипломатияи парламентӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим бозида, иштироки пайвастаи парламентҳо ва намояндагони мардумро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон, зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори то ҳол истифоданашуда барои таҳкими минбаъдаи шарикии иқтисодии мутақобилан судманд самаранок истифода барем,- афзуд Файзалӣ Идизода.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар, инчунин, иштироки фаъол дар Машварати раисони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ иброз намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: