Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд
10-уми июли соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни иҷлосия, нахуст, оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 32 ва 47 гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.
Сипас, рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор барои беҳтар намудани низоми логистика дар шаҳри Душанбе ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси марказҳои агрологистикиву тақсимоти яклухт ва Маркази нақлиётию логистикии байналмилалии «Душанбе» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вакилон дар идома вазъи татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки вобаста ба иҷрои босифати барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Сипас, вакилон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин хусус гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва масъулони дигар сохторҳои дахлдорро супориш доданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо дар мавриди бунёди биноҳои баландошёна ва манзилҳои истиқоматии шахсӣ, берун аз лоиҳаи тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бунёди ошёнаи иловагӣ ва сохтмони худсарона чораҳои қатъӣ андешанд.
Инчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ва сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёду навсозии босифати роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инъикос ва тарғиби корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт, дастовардҳои замони истиқлол, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба масъулин дастурҳо доданд.
Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки ҷиҳати назорати ҳолати санитарию эпидемиологии ошхонаю тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки умум, танзими болоравии нархҳои баъзе маҳсулоти ниёзи аввал ва тақвият бахшидани низоми хизматрасонии ғайринақдӣ дар соҳаи савдою хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ масъалаи аз байн бурдани маблағи 100-сомонаро омӯхта, дар муҳлати кӯтоҳ аз рӯи усулҳои наву муосир таклиф пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, барои дуруст танзим намудани хизматрасонии нақлиётӣ, нигоҳдории ҳолати техникӣ, риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, санҷиши ҷиддии ҳолати руҳию равонии ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, тозаю озода нигоҳ доштани воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини самти саноат ва энергетика супориш доданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар рафти иҷлосия, ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои анҷом додани корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғҳо, гулгаштҳои шаҳр ва нигоҳубини дурусти дарахтон чораҳои саривақтӣ андешида шавад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе ва аз як замин гирифтани ду - се ҳосил бо хоҷагидорон корҳо тақвият бахшида шаванд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи ҷашну идҳои дарпешистода, инчунин, пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҳама қишри ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва аз байн бурдани фарҳанги бегона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вакилон зимни иҷлосия, ҳамзамон, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, бо таманнои хизмати содиқонаву софдилона баҳри рушду пешрафти пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба онҳо саодатмандиву хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешравию шукуфоӣ таманно намуданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
