https://sadoimardum.tj

Хотираи таърихӣ – бақои миллат

Рамзи ҷовидонии хуршед ва оташ

№:90 (5142), 27 июл 2026, 17:10
6

ё ҷойгоҳи чалипо ва гардунаи меҳр дар таърих ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон

Дар замони муосир вақте ки инсон ба рамзҳои визуалӣ менигарад, аксар вақт таҳти таъсири рӯйдодҳои асри XX қарор мегирад. Яке аз чунин рамзҳо, ки қурбонии сӯиистифодаи сиёсии идеологияҳои нажодпарастии аврупоӣ шуд, чалипои шикаста ё худ свастика мебошад. Аммо барои мо - ворисони тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ ин нишон маъно ва ҷойгоҳи тамоман дигар дорад. Саҳифаҳои таърих, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла санъати чакандӯзию қолинбофӣ, гувоҳӣ медиҳанд, ки чалипо (гардунаи меҳр) яке аз муқаддастарин ва некхоҳтарин рамзҳои ҷаҳонбинии ниёгони мо ба шумор меравад. Он рамзи рӯшноӣ, гардиши замон, эҳёи табиат ва устувории коинот аст.

ГАРДУНАИ МЕҲР

Пеш аз он ки дини зардуштӣ дар сарзамини Ориёно паҳн гардад, ниёгони мо ба унсурҳои табиат, аз ҷумла офтоб ва оташ, эътиқод доштанд, ки ин давраро таърихнигорон меҳрпарастӣ (митроизм) меноманд. Меҳр (Митро) худои рӯшноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва паймон буд.

Рамзи чалипо дар ин давра бо номи «гардунаи меҳр» ё «гардунаи хуршед» шинохта мешуд. Шакл ва чор шохаи ин рамз, ки ба як самт (мувофиқи ҳаракати соат) майл доранд, ҳаракати доимии хуршед ва паҳн шудани нурҳои ҳаётбахши онро ба чор самти олам ифода мекард. Барои ақвоми ориёӣ хуршед манбаи ҳаёт ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ буд ва чалипо ҳамчун акси ин неруи бузург дар замин эътироф мешуд.

Дар ҷаҳонбинии аслӣ ва фалсафии ниёгони мо коинот ва ҳаёт аз чор унсури асосӣ иборат аст. Унсури аввал оташ буда, муқаддастарин унсур дар «Авесто» ба ҳисоб меравад. Ниёкони мо оташро чун рамзи ҳақиқат, покизагӣ ва хиради илоҳӣ ситоиш мекарданд. Дар «Ясно» дар ин бора дуое бо номи «ниёиши оташ» вуҷуд дорад, ки онро дар оташкадаҳо мехонданд. Матни дуо чунин аст: «Намоз бар ту бод, эй оташ, эй писари Аҳуромаздо! Ту шоистаи ситоиш ва (оварандаи) афзунӣ ҳастӣ. Дар хонаи мо фурӯзон бош, ҳамеша равшан бош… Ба мо рӯзӣ ва хушбахтии ҷовидон бибахш»!

Унсури дигар об - сарчашмаи покии ҷисму равон ва борварии замин аст.

Изадбонуи бузург Аноҳито нигаҳбони обҳо маҳсуб меёфт. Дар ниёиши обҳо дар замони бостон ин гуна дуо мехонданд: «Мо меситоем тамоми обҳои аҳуридодаро. Мо меситоем обҳои равон ва чашмасорҳоро, ки ба тани инсон покӣ ва ба ҷаҳон сабзию хуррамӣ мебахшанд. Эй обҳои пок, ба мо неру ва фарзандони солеҳ ҳадя кунед»!

Ду унсури дигар хок ва бод ба ҳисоб мерафтанд. Замин рамзи фурӯтанӣ ва занони покдоман буда, деҳқонӣ ва сабз кардани он кори муқаддас дониста мешуд. Бод нафаси коинот буд, ки абрҳои боронзоро ба ҳаракат медаровард ва ҳаётро ҷорӣ месохт.

Ин гуфтаҳо маънои онро дорад, ки ҳанӯз дар даврони қадим ниёкони мо хосият ва аҳамияти оташ, об, хок ва бодро фаҳмида буданд ва ин чор унсурро асоси зиндагӣ мешинохтанд. Аз ин ҷо буд, ки ин фалсафаро дар чалипо низ истифода намуданд. Чор шохаи чалипо маҳз ҳамин чор унсурро нишон медиҳанд, ки дар нуқтаи марказӣ ба ҳам пайваст шудаанд. Ин рамзи тавозун аст. Ниёгони мо бовар доштанд, ки агар ин чор унсур дар табиат ва дар вуҷуди инсон бо ҳам ҳамоҳанг бошанд, ҷаҳон аз бадӣ, завол ва бемориҳо эмин мемонад. Ҳамин тариқ, чалипо рамзи назми кайҳонӣ ва қонуни ҷовидонии табиат гардид.

Бостоншиносон дар давоми асрҳои ХIХ ва ХХ намунаи зиёди ашёи таърихиро пайдо карданд, ки нишон медиҳанд чалипо ҳадди ақал аз ҳазораи панҷуми пеш аз милод дар фарҳанги мо ҷойгоҳи махсус доштааст. Дар ёдгории бостонии Саразм (шаҳри Панҷакент), ки беш аз 5500 сол таърих дорад ва ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил аст, дар рӯи деворҳои оташкадаҳо ва зарфҳои сафолии ёфтшуда нақшҳои ҳандасии чалипо ва чалипои шикаста ошкор карда шудаанд. Саразмиҳо хуршедро мепарастиданд ва чалипо дар маросимҳои динии онҳо нақши марказиро мебозиданд.

Дар теппаҳои бостонии Сиалк ва Суза (дар Эрони имрӯза), ки яке аз марказҳои аввалини тамаддуни инсонианд, кӯзаҳо ва зарфҳои гилине пайдо шудаанд, ки дар онҳо нақши чалипо кашида шудааст, аммо бузургтарин ва ҳайратовартарин намунаи чалипо дар меъморӣ ин Нақши Рустам (дар наздикии Шероз) аст. Оромгоҳҳои кӯҳии шоҳони Ҳахоманишӣ, аз ҷумла Дорои Бузург ва Хишоёршо, дар дили кӯҳ дақиқан ба шакли як чалипои бузурги чоршоха тарошида шудаанд. Ин тарҳ тасодуфӣ набуда, нишон медиҳад, ки руҳи шоҳ пас аз марг ба воситаи ин гардунаи муқаддас ба сӯи рӯшноии абадӣ парвоз мекунад.

ИНЪИКОСИ ЧАЛИПО ДАР ГУЛДӮЗИИ МИЛЛӢ

Ҳунарҳои мардумии тоҷикон, бахусус гулдӯзӣ ва чеварӣ, мисли як китоби зиндаи таърихӣ мебошанд. Модарону хоҳарони тоҷик дар давоми асрҳо бе он ки ба китобҳои илмӣ нигоҳ кунанд, рамзҳои бостониро дар рӯи матоъҳо бо сӯзан нақш мекарданд ва ба ин васила ҳувияти миллиро ҳифз менамуданд.

Санъати чакандӯзӣ, ки асосан дар минтақаҳои Хатлон, Рашт, Дарвоз ва Бадахшон рушд кардааст, як низоми пурраи рамзшиносии офтобӣ аст. Элементи асосии чакан доираи калони сурх аст, ки рамзи офтоб мебошад. Аммо агар ба даруни ин доираҳо ва ё ба фазои байни онҳо диққат диҳем, нақши чалипои одӣ ва шикастаро ба хубӣ мебинем. Чеварон ин нақшро аксар вақт «чарх», «чархи фалак» ё «каҷак» меноманд.

Дар гузашта либос барои мардуми мо на танҳо барои пӯшидани бадан, балки ҳамчун як воситаи ҳифзи руҳ ва ҷисм аз неруҳои бад (аҳриманӣ) хизмат мекард. Нақши чалипо ҳамеша дар қисматҳои кушодаи либос - дар гиребон (наз­дикии дил) ва остини куртаҳои арӯсӣ дӯхта мешуд. Сабаб он буд, ки инсон ҳангоми ҳаракати дастҳо ва муошират аз «чашми бад» ва балоҳо эмин бошад. Чалипо ҳамчун тӯмори зинда амал мекард, ки неруи манфиро аз одамон дур месохт.

Дар тоқиҳои чоргул ва тоқиҳои сокинони Бадахшон нақши чалипои шикаста дар шакли ҳандасӣ (геометрӣ) бо рангҳои сурху сафед ҷой дода мешавад. Ин рамзи он аст, ки фикри инсон ва ақли ӯ бояд ҳамеша роҳи рӯшноиро интихоб кунад.

АСРОРИ РАНГҲО ДАР ЧАКАН ВА ПАЙВАНДИ ОН БО ЧАЛИПО

Фалсафаи чалипо дар чакан танҳо бо шакли он маҳдуд намешавад. Рангҳои истифодашуда низ мустақиман бо ҷаҳонбинии ориёӣ вобастаанд. Дар куртаи чакан чор ранги асосӣ истифода мешавад, ки ҳар кадоме маънои хоси худро доранд.

Ранги сурх: сурх ранги муқаддаси оташ ва хуни ҳаётофарин аст. Дар замони қадим оташ рамзи покӣ буд. Сурхии куртаи чакан ва нақши чалипо дар он якҷоя неруи гармибахш ва ҳаёти ҷавониро ифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар қадим арӯсҳо куртаи сурх мепӯшиданд.

Ранги зард (тиллоӣ): зард рамзи нури хуршед, гандуми заррин ва баракати замин аст. Нақши чалипо, ки бо риштаҳои зард дӯхта мешавад, дақиқан нишондиҳандаи шуълаҳои офтоби тобон мебошад.

Сафед: сафед рамзи рӯшноӣ, субҳи содиқ, покӣ ва ростӣ мебошад. Дӯхтани чалипои сафед дар матои сурх нишони сулҳхоҳӣ ва нияти пок аст.

Ранги сабз: сабз рамзи эҳёи табиат дар баҳор, хуррамӣ ва ҷовидонӣ мебошад. Он нишон медиҳад, ки ҳаракати чалипо (гардунаи замон) ҳамеша баҳори навро меорад.

Қолинбофӣ яке аз дигар ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аст, ки дар он ҷаҳонбинии ҳандасӣ ва геометрӣ мавқеи марказиро мебозад. Бархӯрди қолинбофон бо рамзи чалипо боз ҳам ҷолибтар аст. Дар қолинҳо ва гилемҳои суннатӣ сокинони ҷануби Тоҷикистон ва водиҳои Рашту Бадахшон нақши марказиро, ки дар байни ҳунармандон бо номи «офтобак» ё «гули офтоб» шинохта мешавад, хеле устокорона мебофанд. Ин нақш, дар асл, як чалипои шикастаи калон аст, ки дар чор гӯшааш нақшҳои хурди дандонадор дорад. Ин ҷо чалипо рамзи ҳаркату баракати хонадон ва оташдони гарми оилавӣ мебошад. Қолине, ки дар марказаш ин рамзро дорад, одатан дар болохона ва ҷои намоёни хона гузошта мешуд.

Дар бофтани канори (ҳошияи) қолинҳо нақши чалипоҳои хурди занҷирагӣ ва пайваста истифода мешавад. Ин тарҳро барои он мебофтанд, ки марзи хонаро аз даромадани бадӣ ва душманон ҳифз кунанд. Ба гуфтаи қолинбофони куҳансол, чалипои ҳошиягӣ мисли як девор аст, ки баракату ризқи хонаро дар дарун нигоҳ медорад ва хатарро аз берун дур месозад.

Пас аз омадани дини мубини ислом ба сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр тоҷикон ҳувияти фарҳангии худро гум накарданд, балки рамзҳои бостониро бо арзишҳои нав ҳамоҳанг сохтанд. Чалипо дар ин давра ба ду соҳаи муҳим ворид шуд:

1. Меъморӣ. Меъморон ва устоҳои тоҷик нақши чалипои шикас­таро ба тарҳи хиштчинии масоҷид ва мақбараҳо ворид карданд. Онҳо ин рамзро ҳамчун нишони «касрат дар ваҳдат» (гуногунӣ дар ягонагӣ) тафсир менамуданд. Намунаҳои барҷастаи ин санъатро метавон дар мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, мақбараҳо ва масҷидҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Исфаҳон ва Шероз мушоҳида намуд. Дар ин ҷо нақши чалипо ба тарзе тарҳрезӣ шудааст, ки аз омезиши он калимаҳои муқаддаси «Аллоҳ», «Муҳаммад» ва «Алӣ» ба вуҷуд меоянд, ки ин авҷи ҳамоҳангии фарҳанги миллию динӣ мебошад.

2. Санъати хаттотӣ. Дар замони рушди хати настаълиқ навиштани абёти шеърӣ ба сурати моил (каҷ) расм шуд. Ин услубро «навишти чалипо» номиданд. Вақте ки шоир як дубайтӣ ё рубоиро менавишт, мисраи якуму дувум ва сеюму чорум якдигарро ба таври визуалӣ мебуриданд ва шакли чалипои бостониро ба ёд меоварданд. Ин нишон медиҳад, ки чалипо аз як рамзи содаи динӣ ба як унсури баланди эстетикӣ ва бадеии фарҳанги тоҷикӣ табдил ёфтааст.

Чалипо ва гардунаи меҳр дар таърих ва ҳунарҳои мардумии тоҷик нақши сиёсӣ ё нажодпарастона надорад. Ин рамз шиносномаи таърихии мо, нишони рӯшноипарастӣ, сулҳҷӯӣ ва робитаи амиқи ниёгони мо бо табиат ва коинот аст. Зинда мондани ин нақш дар куртаҳои чакани модарони мо ва дар қолинҳои дастибофти хонадонҳои мо исбот мекунад, ки ҳувияти миллии тоҷикон дар давоми ҳазорсолаҳо шикастанашаванда ва ҷовидон мондааст.

Имрӯз, ки санъати чакандӯзӣ ва қолинбофии мо дар ҷаҳон эътироф шудааст, вазифаи мо ин аст, ки фалсафаи аслӣ ва поку башар­дӯстонаи рамзҳои миллии худ, аз ҷумла, чалипоро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва нагузорем, ки таърихи куҳани мо таҳриф шавад.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: