https://sadoimardum.tj

ИСТИҚЛОЛ - САОДАТИ МИЛЛАТ

№:91 (5143), 31 июл 2026, 14:54
7

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз ва оғози марҳалаи нави ҳаёти миллат сабт гардид. Дар ин рӯз Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуда, роҳи мустақили давлатдориро интихоб кард.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо соҳиб шудан ба давлати мустақил, балки имкони эҳёи арзишҳои миллӣ, муайян намудани роҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкими мақоми кишвар дар арсаи байналмилалиро фароҳам овард. Аз ин рӯ, Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба қадри ин неъмати бебаҳои миллӣ дуруст расида нашуд. Ихтилофу кашмакашиҳои дохилӣ ва фаъолияти ғаразноки гурӯҳҳои ҷудогона кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон талафоти бузурги ҷонӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, шумораи зиёди шаҳрвандон маҷбур шуданд макони зисти худро тарк намуда, аз Ватан фирор кунанд. Бисёр маҳалҳои обод ба харобазор табдил ёфтанд ва иқтисоди кишвар ба буҳрони ҷиддии дарозмуддат рӯ ба рӯ гардид.

Дар чунин рӯзҳои сангину тақдирсоз ақли солим ва хиради миллӣ пирӯз омад ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ояндаи кишвар ба ҳамдигар дасти дӯстӣ дароз намуданд. Дар раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сохти давлатдорӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу мондагор мебошад. Маҳз, бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар кишвар заминаи сулҳу субот фароҳам гардида, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд ва сохторҳои давлатӣ эҳё гардиданд.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: «Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд».

Хушбахтона, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовори худро пайдо кардааст. Кишвари мо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстона дошта, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пайваста дастгирӣ ёфта, нуфузи кишвари моро боз ҳам боло мебаранд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати созанда, сулҳҷӯёна ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ва меҳнати содиқонаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз сокинони ҷумҳурӣ ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватанро вазифаи муқаддаси худ медонанд, зеро соҳибистиқлолӣ танҳо озодӣ нест, он масъулияти бузург дар назди миллат, Ватан ва наслҳои оянда мебошад.

Суҳроб МАҶИДОВ,

муовини якуми прокурори ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: