Бостоншиносӣ
Чанд пешниҳод ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»
Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ», ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гашт, қадами муҳим ва саривақтӣ дар роҳи мукаммалсозии заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Бостоншиносӣ ягона илмест, ки таърихи нонавиштаи моро эҳё менамояд, аммо бидуни заминаи ҳуқуқии мукаммал ин сарватро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бо вуҷуди қонунгузории умумӣ дар соҳаи ҳифзи мерос, соҳаи бостоншиносӣ ба танзими хос ва қатъӣ ниёз дорад. Афзоиши суръати сохтмонҳои зерсохторӣ, хатари «археологияи сиёҳ» ва, муҳимтар аз ҳама, ҷалби нафарони ғайрикасбӣ ба раванди таҳқиқоти саҳроӣ зарурати таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чунин як қонунро ба миён овардааст, ки, хушбахтона, ин масъала аз назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд.
Ҳамчун мутахассиси соҳа, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» чанд андеша ба таваҷҷуҳи вакилони парлумон ва коршиносон ироа менамоям. Хуб мебуд бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти соҳа бандҳои зерин ҳамчун меҳвар қабул карда шаванд:
1. «Варақаи кушод» мақоми давлатӣ гирад. «Варақаи кушод» (иҷозати ҳафриёт) на танҳо ҳамчун ҳуҷҷати идоравӣ, балки ҳамчун иҷозатномаи махсуси давлатӣ эътироф ва ба «Рӯйхати иҷозатнома ва иҷозатдиҳӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад.
Иҷозатнома бояд танҳо ба шахсони воқеӣ - бостоншиносони касбии дорои маълумоти олии соҳавӣ ва собиқаи амалидошта дода шавад. Яъне, додани иҷозатнома ба шахсони ғайрикасбӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ манъ гардад, зеро тибқи мушоҳидаҳо шахсони тасодуфӣ ҳафриёти нодуруст анҷом медиҳанд, ки боиси нобудшавии бебозгашти қабатҳои маданӣ мегардад. Ин амал имкон медиҳад, ки ҳафриёти бе иҷозат на танҳо иштибоҳи илмӣ, балки вайронкунии низоми иҷозатномадиҳии давлатӣ ҳисобида шавад.
2. Археологияи пешгирона ва экспертиза. Дар шароити сохтмонҳои босуръат, ҳифзи ёдгориҳо механизми навро талаб мекунанд. Пеш аз ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо ва биноҳо гузаронидани экспертизаи бостоншиносӣ бояд ҳатмӣ гардад ва бидуни хулосаи хаттии бостоншиносӣ оғоз нашавад. Фармоишгари сохтмон муваззаф шавад, ки пеш аз оғози кор экспертизаи археологиро маблағгузорӣ кунад. Ин принсипи ҷаҳонӣ («вайронкунанда месупорад») имкон медиҳад ҳам иқтисод рушд кунад ва ҳам ёдгориҳо ҳифз шаванд.
3. Ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳои иқтисодӣ. Барои ҷалби сармояи хусусӣ ва соҳибкорон хуб мешуд ҳини таҳияи лоиҳаи қонун имтиёзҳои зерин ба назар гирифта шаванд:
- имтиёзҳои андозӣ. Маблағи аз ҷониби ширкатҳо ё соҳибкорон барои ҳафриёт ва консерватсияи ёдгориҳо сарфшуда аз ҳаҷми андозбандишавандаи фоидаи онҳо бароварда шавад;
- имтиёзҳои гумрукӣ. Озод намудани таҷҳизоти гаронқимати таҳқиқотӣ (георадарҳо, сканерҳо, С14-озмоишгоҳҳо) аз боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридот;
- мақоми «сарпарасти мерос». Ҳавасмандкуниҳои маънавӣ ва имтиёзҳо дар тендерҳои давлатӣ барои соҳибкорони саҳмгузору хайрхоҳ.
4. Меъёри сезинагии сабт (фиксатсия). Қонун бояд барои бостоншиносон талаботи ҳатмии ҳуҷҷатгузориро муқаррар кунад. Ҳафриёт танҳо дар сурати мавҷудияти се зинаи сабт эътибори илмӣ пайдо кунад:
- тавсифи матнӣ: сабти дақиқи раванд ва стратиграфия, координатаҳои дақиқи ҳар як бозёфт;
- нақшаи графикӣ: тасвири муҳандисии қабатҳо ва бозёфтҳо;
- фотофиксатсия: аксҳои миқёсии рақамишуда бо истифода аз технологияҳои 3D ва дронҳо.
Набудани яке аз ин ҷузъҳо бояд боиси лағви иҷозатномаи мутахассис гардад.
Барои шаффофият ва дақиқии кор ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ - дронҳо барои нақшабардории ҳавоӣ ва моделсозии 3D-и ёдгориҳо ҳамчун қисми ҳисоботи давлатӣ ҳатмӣ гардонида шавад.
5. Ҷавобгарӣ барои «археологияи сиёҳ». Истифодаи худсаронаи металлодетекторҳо (дастгоҳ барои муайян кардани металл) ва фурӯши бозёфтҳои бостоншиносӣ дар бозорҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҳамчун ҷиноят нисбат ба мероси миллӣ тасниф шуда, ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ кунад.
Мероси бостоншиносӣ манбаи барқарорнашаванда аст. Ҳар як теппа, қалъа ва қабати маданӣ китобест, ки агар имрӯз дуруст хонда ва ҳифз нашавад, наслҳои оянда аз шинохти аслияти хеш маҳрум мемонанд.
Дар ниҳоят, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» бояд заминае гардад, ки бостоншиносии Тоҷикистонро ба меъёрҳои байналмилалии ЮНЕСКО ва ИКОМОС наздик созад, ёдгориҳои беназири моро ҳамчун сарвати умумибашарӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Танҳо бо такя ба илми дақиқ, технологияҳои муосир ва заминаи қавии ҳуқуқӣ метавонем рисолати таърихии худро дар назди таърих ва ояндаи миллат сарбаландона иҷро кунем.
Муҳсин БОБОМУЛЛОЕВ,
бостоншинос
Ҳамчунин дигар маводҳо:
