https://sadoimardum.tj

Кӯҳистони Мастчоҳ бо қадамҳои устувор дар роҳи рушд

№:92 (5144), 03 авг 2026, 16:11
6

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, оғози марҳилаи сифатан нави рушди давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои васеи иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Дар тӯли сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як кишвари навистиқлол ба давлати рӯ ба рушд табдил ёфт, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои назаррас эътироф шудааст.

Маҳз дар замони истиқлол сиёсати давлат ба рушди мутавозини ҳамаи минтақаҳои кишвар равона гардида, барои ободонии ноҳия­ҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои муас­сир амалӣ шуданд. Агар солҳои аввали истиқлолият аксари чунин минтақаҳо бо мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ рӯ ба рӯ буданд, имрӯз онҳо ба марказҳои созандагиву бунёдкорӣ мубаддал гардидаанд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи ҳамин минтақаҳо мебошад. Ин ноҳияи баландкӯҳ, ки табиати зебову захираҳои бойи табиӣ дорад, солҳои пеш бо мушкилоти роҳ, маҳдуд будани неруи барқ, дастрасии нокифоя ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ маълум буд. Аммо имрӯз симои ноҳия куллан дигар шудааст. Роҳҳои нав, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии замонавӣ, иншооти фарҳангиву варзиш, хатҳои барқ ва оби нӯшокӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати бунёдкоронаи давлат дар ин минтақа низ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Боиси ифтихор аст, ки сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Омодагиҳо ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия танҳо ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳдуд нашуда, пеш аз ҳама, дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ таҷассум ёфтааст. Тавре раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни нишасти матбуотӣ 30 июли соли 2026 иттилоъ дод, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ пурра иҷро ва аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда зиёд таъмин шудааст. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 116 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба 100,8 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Паси ҳар як иншооти сохташуда зиндагии беҳтари мардум, имкониятҳои нави таҳсилу табобат, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам омадани ҷойҳои нави кор қарор дорад. Аз ҷумла, дар ин давра 16 иншооти соҳаи маориф, 12 муассисаи тандурустӣ, 36 иншооти кишоварзӣ, 11 иншооти соҳибкорӣ, 3 коргоҳи саноатӣ, 4 неругоҳи хурди барқи обӣ, 5 иншоот барои ҷавонону соҳаи варзиш, 4 иншооти таъминоти оби нӯшокӣ ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоӣ бунёд гардидаанд.

Ҳоло сохтмони ҳафт иншооти дигар идома дошта, онҳо низ дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Яке аз самтҳои муҳим рушди соҳаи энергетика мебошад. Барои минтақаҳои кӯҳистон дастрасӣ ба неруи барқи доимӣ омили асосии рушди иқтисодӣ, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меравад. Дар ин самт яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин барқрасонӣ ба деҳаҳои Ғурфкат, Арнохун ва Сурхкат мебошад. Солҳои зиёд сокинони ин деҳаҳо шабҳоро дар торикӣ сипарӣ мекарданд. Наслҳои зиёде бо умеди рӯзе зиндагӣ доштанд, ки чароғи хонаҳояшон рӯзе аз неруи барқи доимӣ равшан мешавад.

Бо татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ин орзу ба воқеият табдил ёфт. Аз соли 2020 сохт­мони хати баландшиддати интиқоли неруи барқ оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ беш аз ҳашт километр хати нави барқ кашида шуд. Санаи 23 июли соли 2023 сокинони ин се деҳа бори аввал ба шабакаи ягонаи барқи доимӣ пайваст гардиданд.

Ин рӯйдод барои сокинон танҳо мавриди истифода қарор гирифтани як иншооти муҳандисӣ набуд. Он оғози зиндагии нав, расидан ба умед ва нишонаи равшани ғамхории давлат нисбат ба сокинони минтақаҳои дурдаст гардид.

Маврид ба зикр аст, ки рушди устувори ҳар як минтақа, пеш аз ҳама, ба сатҳи соҳаи маориф вобаста аст. Аз ҳамин ҷост, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат маориф яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ даҳҳо муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ гардида, синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд. Муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, синф­хонаҳои фаннӣ, воситаҳои техникии таълим ва шароити беҳтари таҳсил таъмин гардида, барои тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст заминаи мусоид фароҳам омад. Самараи ин тадбирҳо имрӯз ба хубӣ эҳсос мегардад. Хонандагони муассисаҳои ноҳия ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол дошта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд. Ин дас­товардҳо нишон медиҳанд, ки сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, дарвоқеъ, сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад.

Дар баробари ин, соҳаи тандурустӣ низ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои тиббии ноҳия таъмиру навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ имкон дод, ки дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ беҳтар гардад. Имрӯз барои сокинони ноҳия имконият­ҳои ташхису муолиҷа нисбат ба солҳои пеш бамаротиб фарохтар шудаанд.

Соҳаи кишоварзӣ низ, ки такягоҳи асосии иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад, дар партави истиқлол рушду такомул ёфтааст. Бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир деҳқонон ҳаҷми истеҳсоли картошка, ғалладона, маҳсулоти боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарвариро афзоиш додаанд. Ҳамзамон, рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон барои таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намудааст.

Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди саноат низ бештар гардидааст. Ба истифода додани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ на танҳо ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад, балки барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани ҷавонон низ замина мегузорад. Ин раванд дар доираи ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти махсус дорад.

Яке аз омилҳои муҳими пешрафту сарсаб­зии ноҳия иштироки фаъоли худи сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ мебошад. Дар бисёр деҳаҳо мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар таъмири роҳҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин ҳамбастагӣ нишон медиҳад, ки ободии Ватан танҳо вазифаи давлат нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди соҳибватан мебошад.

Намунаи равшани чунин ташаббусҳоро метавон дар деҳаи Оббурдон мушоҳида кард. Сокинони деҳа бо дастгирии муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи марказии деҳаро ободу ҳамвор намуда, бо меҳнати дастҷамъона фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси масъулияти худро нисбат ба ободии маҳал нишон доданд. Чунин иқдомҳои созанда имрӯз дар дигар деҳаҳои ноҳия низ зиёд шуда, ба ҳусни маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва соҳаи варзиш низ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ дар ноҳия майдончаҳои варзиш ва дигар иншооти соҳа бунёд гардида, барои тарбияи ҷисмониву маънавии наврасону ҷавонон имкониятҳои бештар муҳайё шудаанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ иштироки фаъол дошта, дар муаррифии ноҳияи худ саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз, вақте ба дастовардҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ назар меафканем, равшан эҳсос мегардад, ки ҳамаи онҳо самараи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Иҷрои беш аз сад фоизи нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ, рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва иштироки фаъоли сокинон дар корҳои созандагӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имрӯз бо қадамҳои устувор роҳи пешрафтро идома медиҳад.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ин ноҳияи кӯҳистон фурсате барои афзудани корҳои созандагӣ, меҳнати содиқона ва талошҳои пайваста барои ободии диёр мебошад. Бо чунин руҳияи ватандӯстона ва азми қавӣ мардуми сарбаланди Кӯҳистони Мастчоҳ омодаанд, ки дар оянда низ барои таҳкими дастовардҳои истиқлол, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯи Ватани азиз дар арсаи ҷаҳон саҳми бештар гузоранд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: