Аз роҳи пурмашаққат то шоҳроҳи аср
Соли 2005 бори нахуст ҳамроҳи модарам аз як деҳаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе сафар кардам. То ҳол дар хотир дорам, ки он вақт сокинони деҳоти дурдаст бештар бо мошинҳои тамғаи «УАЗ» рафтуомад мекарданд. Барои ман роҳ хеле дурудароз менамуд. Пайваста аз модарам мепурсидам, ки кай ба манзил мерасем. Ӯ бошад, бо меҳрубонӣ мегуфт: «Сабр кун, духтарам, ҳоло мерасем».
Роҳҳои ноҳамвор, гардишҳои зиёд ва сафарҳои тӯлонӣ мусофиронро хаста мекарданд. Ман ҳам он вақт орзу мекардам, ки рӯзе ин роҳҳо обод гарданд ва мардум дигар азоб накашанд.
Солҳо гузаштанд. Донишҷӯ шудам ва ҳар сол аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳам сафар мекардам. Хушбахтона, маҳз дар ҳамин давра таҷдиду навсозии роҳи Душанбе - Кӯлоб - Қалъаихумб оғоз ёфтанд. Марҳила ба марҳила роҳҳо беҳтар гардида, рафтуомади мардум дар тамоми фаслҳои сол осонтар шуд.
Ин ҳама инсонро ба андеша мебарад, ки Тоҷикистон чӣ гуна дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст? Яке аз онҳо раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Хусусан, барои мардуми Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар ба шумор меравад, ҳалли мушкилоти роҳу нақлиёт аҳамияти ҳаётӣ дошт.
Модарам нақл карданд, ки соли 1993 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин сафари корӣ ба ВМКБ изҳор намуда буданд, ки барои ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва минтақаи ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтани Бадахшон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод. Имрӯз метавон гуфт, ки ин ҳадаф тадриҷан амалӣ гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Рӯшон – Хоруғ – Мурғоб – Кулма бунёд шуд. Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таъмини ҳаракати бемонеа ва рушди сайёҳӣ дар минтақа буд. Чанде пеш боз ба Бадахшон сафар кардам. Роҳҳои навбунёду босифат ва мумфарши минтақа воқеан диққатҷалбкунандаанд. Агар қаблан тай намудани қитъаи роҳи Қалъаихумб – Рӯшон аз чоруним то панҷ соат вақт мегирифт, имрӯз ба шарофати таҷдиди роҳ ва бунёди нақбҳои муосир ин масофа дар камтар аз ду соат тай мешавад.
Баъд аз ин сафарам, орзуҳои кӯдакиамро ба ёд овардам. Орзуе, ки имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст. Роҳҳои ҳамвору бехатар на танҳо масофаҳоро кӯтоҳ карданд, балки зиндагии мардумро низ беҳтар гардониданд. Ин пешрафт барои рушди иқтисодиёт, афзоиши гардиши молу маҳсулот ва ҷалби бештари сайёҳон шароити мусоид фароҳам овард.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар бахши роҳсозӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард корҳои зиёди созанда анҷом дода шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин шоҳроҳ 281 пули мошингузар мавҷуд аст. Аз соли 2004 то соли 2017 дар қитъаи роҳи Кӯлоб – Қалъаихумб 134,7 километр роҳ бо харҷи 174,8 миллион доллари амрикоӣ таҷдид гардид.
Ҳамчунин, соли 2019 дар доираи барномаҳои рушди инфрасохтор ва муқовимат ба офатҳои табиӣ сохтмони 18 пул бо маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва Дарвоз як қатор пулҳои нав бунёд гардиданд.
Соли 2019 марҳилаи аввали таҷдиди роҳи Қалъаихумб – Ванҷ оғоз гардида, баъдан корҳои сохтмонӣ дар марҳилаҳои дигар низ идома ёфтанд. Аз соли 2020 сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз шуд. Ин лоиҳаи бузург сохтмони 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитармавиро дар бар мегирад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи ин барнома таҷдиди роҳҳои Лаби ҷар – Қалъаихумб, Қалъаихумб – Рӯшон, Рӯшон – Хоруғ, роҳи Сурхсангов то маркази ноҳияи Ванҷ ба дарозии умумии 456 километр ва роҳи осоишгоҳи Гармчашма то соли 2020 ба нақша гирифта шуда, бо ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ амалӣ гардиданд.
Моҳи июни соли 2025 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшон, ки яке аз муҳимтарин ва бузургтарин иншооти соҳаи роҳсозии кишвар ба шумор меравад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар доираи ин лоиҳа нақби муосири мошингузар бо дарозии 3400 метр, баландии 6 метру 90 сантиметр ва паҳноии 8 метр бунёд гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба ин дастовардҳои назаррас метавон бо боварии комил гуфт, ки дар оянда роҳҳои дигари таъмирталаби ин масир низ навсозӣ гардида, шароити рафтуомади мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
