Иқдоме, ки аҳамияти махсус дорад
ё шарҳи мухтасари зарурати таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об
Имрӯз масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли онҳо ҳамкории густурдаи ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, асоси ҳаёт ва рушди устувори ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Дар асри XXI таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз масъалаҳои калидии рушд табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин, ифлосшавии манбаъҳои об боис гардидаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Вобаста ба ин, чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» ба тасвиб расид, ки ин на танҳо санади нави ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.
Таъкид бояд кард, ки дар чунин шароит таъсис ёфтани Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз муҳимтарин ташаббусҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, аҳамияти сиёсӣ, илмӣ, экологӣ ва гуманитарии он сол ба сол бештар мегардад.
Тавре маълум аст, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди аввал қарор дорад. Новобаста аз он ки об тақрибан 70% рӯйи сайёраро ташкил медиҳад, танҳо 2,5 фоизи он оби нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, барои инсон танҳо 0,3 % захираҳои ҷаҳонии оби нӯшокӣ дастрас аст, зеро қисми зиёди об дар шакли пиряхҳо ё дар қаъри замин мавҷуд мебошад. Инсоният айни замон маҷбур аст, ки дар шароити камобии афзоянда зиндагӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти марбут ба ин, аз ҷумла бад шудани ҳолати муҳити зист ва ҳифз намудани захираҳои об, ҷалб намояд.
Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки дар даҳсолаҳои наздик рақобат барои захираҳои об метавонад ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёбад. Имрӯз садҳо миллион нафар дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба оби тоза дастрасии кофӣ надоранд. Дар баробари ин, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолии пайдарпай, биёбоншавӣ ва офатҳои табиӣ ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии давлатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Маҳз, аз ҳамин ҷиҳат, масъалаҳои марбут ба об дигар танҳо масъалаи экологӣ набуда, ба амнияти миллӣ, озуқаворӣ ва рушди устувори тамоми кишварҳо рабт дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муҳим мебозад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи об амалӣ гардид. Ин ташаббусҳо дар сатҳи СММ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ ёфтааст. Масалан, эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба ин масъала на танҳо аз лиҳози манфиати миллӣ, балки ҳамчун масъалаи муҳими глобалӣ муносибат мекунад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об бо мақсади қадрдонӣ намудани шахсони алоҳида, олимон, муҳаққиқон, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар субъектҳое таъсис дода шудааст, ки дар ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар самти захираҳои об, тарғиби технологияҳои муосири сарфаи об, ҳавасманд намудани навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дастгирии ташаббусҳои экологӣ ва иқлимӣ ҳадафҳои асосии ин иқдом маҳсуб мешаванд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин ҷоиза рушди илм ва технология мебошад. Ба шарофати ин ибтикори наҷиб дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани талабот ба об татбиқи дастовардҳои илмӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ин амали неки олимонро барои гузаронидани тадқиқоти нав дар самтҳои мониторинги захираҳои обӣ, омӯзиши пиряхҳо, идоракунии захираҳои обӣ, тозакунии об, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии об, пешгӯии офатҳои табиии вобаста ба об ҳавасманд менамояд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз тағйирёбии иқлим ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст. Обшавии пиряхҳо, баланд шудани ҳарорати ҳаво, хушкшавии дарёҳо ва камшавии захираҳои обӣ аз ҷумлаи паёмадҳои ин раванд мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор аз таъсири тағйирёбии иқлим дар амон нест. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии об барои минтақа мебошанд, тадриҷан коҳиш меёбанд. Дар чунин вазъият ҷоиза метавонад ба амалисозии тадқиқоти густурдаи илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалие мусоидат намояд, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ равона шудаанд.
Ба ғайр аз ин, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад. Тавассути ин ҷоиза Тоҷикистон метавонад минбари нави муколама ва ҳамкориҳоро байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ фароҳам орад. Ин раванд ба таҳкими дипломатияи обӣ ва пешгирии ихтилофҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об мусоидат мекунад.
Яке аз ҳадафҳои асосии барномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва беҳдошт мебошад. Амалӣ гардидани ин ҳадаф бевосита аз истифодаи самараноки захираҳои об вобаста аст. Ҷоизаи мазкур ба татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат намуда, таҷрибаҳои беҳтаринро муаррифӣ ва паҳн менамояд. Ҳамзамон, он ба ҷалби сармоя ва шарикони рушд барои амалисозии лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи об замина фароҳам месозад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро яке аз пешсафони дипломатияи об мешиносад. Пешниҳод ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти об нишон медиҳад, ки кишвари мо ба масъалаҳои умумибашарӣ бетараф нест.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда мебошад. Он мақоми байналмилалии Тоҷикистонро таҳким бахшида, нуфузи кишвари моро ҳамчун маркази муколама ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои об меафзояд.
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
