https://sadoimardum.tj

Хидматгор

№:93 (5145), 07 авг 2026, 15:33
11

- Эҳ, садқаи чунин мардони қобилу кордон шавам,- овози ширадори марде ба гӯшам расиду маро аз олами андеша берун кашид. – Солаш ба ҷое расида бошад ҳам, фикру андешааш ободии диёру хизмат ба мардум.

- Боз кадом одами хайрхоҳ ба ёдат расид, пиракӣ? - садо баланд мекунад марди дигар.

- Раҳимҷонро мегӯям, мардак ҳамин сол ба хонаи 71 қадам ­гузошт, қатори дигарҳо кунҷи чойхонаву масҷидро банд намекунад. Субҳи барвақт пиёлаи чояшро менӯшаду миёнашро ҳафт ҷо баста, даст ба кори хайре мебарад.

- Рост мегӯӣ, бародар, имрӯз дар ҳудуди деҳоти Ҳоит касеро пурсӣ, дар ҳаққи ин марди накуном ҳарфи беҳтаринро мегӯяд. Мо ҳам дар панҷ намоз дар ҳақаш дуо мекунем. Ба ҳафт пушташ раҳмат мегӯем.

- Дирӯз пайи коре ба деҳаи Ярхичи боло рафта будам, - риштаи суханро ба даст мегирад марди аввал. - Аз деҳаи Девонаоб то Ярхич як ҷӯи калон кандаанд бо сарварии вай. Ҳаваси кас меояд. Кам не, 210 гектар замини ташналаб обёрӣ мешавад аз ин ҷӯй. Парандаву чарандаҳо соҳиби об шуданд. Дарахтони ин мавзеъ шодоб гардиданд. Онҳо низ шукрона мекунанду ба арвоҳи гузаштаҳояш дуруд мефиристанд.

Ман, ки пайи коре ба деҳаи Ҳоит омада будам, шоҳиди суҳбати сарироҳии чанд тан аз сокинони деҳа шудам. Онҳо аз бинои ҷамоати деҳот дуртар сари роҳ суҳбат доштанд ва, ростӣ, аз баҳои эшон шод шудам ва дар дил ифтихор кардам, ки дӯсту решапайвандам Раҳмиҷони Маҳмадҷон сазовори ситоиши ҳамдиёронаш гардидааст...

Раҳимҷонро аз бачагӣ мешиносаму бо хонаводаи онҳо рафтуомад доштем. Чунонки мегӯянд, решапайванд будем. Ибтидо ҳамроҳи падару модар ва дигар хешу ақрабо мерафтем ба аёдати эшон. Солҳои мактабхонӣ ҳамроҳи тағои Эшонҷон. Чанд рӯз меҳмони Раҳимҷон мешудем. Раҳимҷону тағои Эшонҷон дар як сол ба дунё омадаанд ва аз ман се сол калонтар мебошанд. Бо шарофати Раҳимҷон бо бачаҳои маҳалла ошноӣ пайдо кардем. Он рӯзгор деҳаи Ҳоит ду қисмат буд. Сели бадвоҳимае, ки соли 1949 омаду собиқ ноҳияи Ҳоитро аз харитаи кишвар маҳв кард, шаҳраки Ҳоитро низ пора карда буд. Ҳоитиҳо тарки ватан гуфтанд ва ба Вахшонзамин рафтанд, аммо падари Раҳимҷон ҳамроҳи чанд тани дигар хокдони бобоиро тарк накарданд. Ҳамон ҷо монданду пайи дубора обод кардани Ҳоити номдор камари ҳиммат бастанд. Ҳоитиҳо ду қисми навободи деҳаро «Ҳоити и бари сел» ва «Ҳоити у бари сел» ном мебаранд. Хонаи Раҳимҷонино дар қисмати боло буд (яъне, дар у бари сел)...

Роҳи сангфаршро тай мекардем. Ҳанӯз шоҳроҳ мумфарш набуд. Мошинҳои мусофиркаш ба Ҳоит намерафтанд. Мошинҳои боркаш мерафтанд ба ин гӯшаи вайронаи кишвар. Ҳоит замини зиёде дошт ва баъди муҳоҷирати сокинони зиндамонда ба чарогоҳ табдил ёфт. Дар деҳаҳои бесоҳиб танҳо чӯпону подабонҳоро дидан мумкин буд, ки аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ меомаданд. Мо ҳамроҳи бачаҳои маҳаллӣ ба тамошои вайронаҳо мерафтем. Раҳимҷону Эшонҷон, Раҳмону Амон, Тураву Муталибҷон... Баъзан ду-се рӯз мемондем дар деҳаи Ҳоит. Дар мактаби деҳаи Ҳоит таҳсилро идома медодем. Тӯли ин рӯзҳо Раҳимҷон кӯшиш мекард, ки чизе ва ё касе боиси малоли хотири мо нагардад. Ӯ низ гоҳе меҳмони мо мешуд, вале бисёр намеистод. «Модарам иҷозат надодаанд», -мегуфт. Як шаб меистоду ба Ҳоит бармегашт. Раҳимҷон дар мактаб ҳам қатори аълохонҳо буд. Бо ахлоқи ҳамидааш намунаи ибрат буд. Дар чорабиниҳои мактабӣ ва корҳои берун аз синф фаъолона иштирок мекард. Ҳамон рӯзҳо пай бурдам, ки Раҳимҷон фарзанди арзандааст. Пайваста китоб мехонд. Бародари калониаш Юсуфҷон ошиқи дос­тонҳои «Шоҳнома» буд. Мехонду барои мо қисса мекард достонҳои хондаашро. Онҳо хеле хурдсол буданд, ки падарашон дунёро пад­руд гуфт. Юсуфҷон чаҳордаҳ сол дошту Раҳимҷон шаш. Холаи Товус ду писар ва ду духтарашро тарбият кард. Бачаҳо мактаби деҳаро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намуна хатм карданд. Духтарҳоро бо обрӯ хонадор кард...

Баъди хатми мактаб ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Ду сол дар Қазоқистон хизматро адо кард. Пайваста нома менавишт. Номаҳои пур аз орзуву умед. Дар бораи хизмати аскарбачаҳо менавишт. Дар бораи ободиҳои ҷумҳурии ҳамсоя менавишт. Дар бораи сокинони ҷумҳурӣ, муносибати эшон бо аскарбачаҳо менавишт...

Хизмати ҳарбиро адо кард ва ба Ҳоит баргашт. Ба дидорбинӣ рафтем. Акнун ӯ як ҷавони обутобёфта буд. Аз орзуи хеш даст накашида буд. Соли 1974 ба техникуми политехникии шаҳри Душанбе дохил шуд ва соли 1977 онро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард хатм намуд. Раҳимҷонро бо роҳхати Вазорати нақлиёт ба ихтиёри муассисаи роҳсозии №10 ноҳияи Ғарм (Рашт) фиристоданд. Сарвари ин ташкилот И. Муаззамов ӯро ба қитъаи дар деҳаи Ҳоит будаи муассиса фиристод.

- Корхонаи серкор буд муассисаи мо, - он рӯзҳоро ба ёд меорад Раҳимҷон. - Тамоми фаслҳои сол бекор намемондем. Аз кор намеҳаросидам. То торик шудани ҳаво ба хотири беҳтар шудани шоҳроҳи Душанбе - Ҷиргатол (Лахш) заҳмат мекашидем. Аз бачагӣ заҳмат кашидан маро обутоб дода буд. Баъди фавти падар бародарам, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олиро дошт, ноилоҷ монду аз орзуяш даст кашид. Ҳамроҳи чанд тан аз ҳамдиёрон ба мардикорӣ рафт. Бори рӯзгор ба зиммаи ман афтод. Баъди ба идораи роҳсозӣ омаданам аз он шод будам, ки заҳмат кашидан бароям як одати муқаррарӣ буд. Роҳбарони корхона аз натиҷаи корам хурсанд буданд...

Ҳамин давра буд, ки кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм масъа­лаи ба истифода додани кони ангишти Назарайлоқро ба нақша гирифт. Аз Ҳоит то Назарайлоқ роҳи мошингард набуд. Роҳи будагӣ ба талабот ҷавоб намегуфт. Чанд ҷой болои дарёчаҳо пул сохтан лозим меомад. Аз шаҳри Душанбе муҳандисон омаданд ва бунёди роҳи навро рӯи коғаз лоиҳа карданд. Сохтмони роҳ ва бунёди пулҳо ба зиммаи корхонаи эшон гузошта шуд. Дар ду мавзеъ - деҳаҳои Тутак ва Девонасӯ пулҳои бақувват бунёд гардид, ки мошинҳои пурбор аз онҳо бемалол гузаранд. Ин ду пул таҳти роҳбарии Раҳимҷон бунёд шуданд. Дар бунёди роҳи нав низ саҳми ӯ кам набуд.

Дар корхонаи роҳсозӣ 5 сол заҳмат кашид. Ин давра буд, ки хоҷагии давлатии Ҳоит, ки то ин дам танҳо ба бурдоқпарварӣ машғул буд, фаъолияташро васеъ кард. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, фермаи ҷавобгӯ ба талоботи рӯз, фароғатгоҳу китобхонаҳоро ба нақша гирифт. Директори хоҷагӣ Абдусалом Абдусатторов марди кордону ободкоре буд. Аз кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия хоҳиш кард, ки Раҳимҷонро ба ҳайси муҳандиси сохтмончӣ ба ихтиёри хоҷагӣ диҳанд. Мардак заҳматкаш ки буд, суханаш вазн дошт. Роҳбарҳои болоӣ ба қадраш мерасиданд. Соли 1981 Раҳимҷон баъди талошҳои раис ба хоҷагии давлатии Ҳоит омад.

Раис ӯро дар дафтари кориаш панду насиҳат кард. Гуфт, ки сокинони деҳа ба дастгирӣ ниёз доранд. Бинои мактаб куҳнаву фарсудааст. Синфхонаҳо намерасанд. Мактаби нав сохтанамон лозим. Аз Ҳоит то маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм беш аз 65 километр роҳ аст. То беморро ба он ҷо мебаранд, ки кор аз кор мегузарад. Бо вазири тандурустӣ дар ин мавзуъ суҳбат доштам, ваъда дод, ки шароити моро ба ҳисоб мегиранд ва дар маркази Ҳоит беморхона месозанд. Дар Дашти Сақоб барои 40 хонавода манзил ҷудо кардаем. Маҳаллаи навро намуди маҳаллаҳои шаҳрак месозем. Саршумори чорво зиёд шудааст. Фермаи ҷавобгӯ ба талаботи замон сохтанамон даркор. Миёнатро мустаҳкам банд, додар. Мо бовар дорем, ки ту аз уҳдаи кор мебароӣ.

Даст пеши бар сукут варзид. Ҳайрон монд. «Ба куҷое равам, кор дунболгирӣ мекунад маро», - андешид бо худ ва бо иҷозаи раис аз дафтари кории ӯ берун шуд. Раҳимҷон дар вазифаи нав 10 сол кор кард. Ва ҳама орзуву нақшаҳои раиси хоҷагии давлатиро амалӣ кард. Балки шумораи ободкорӣ бештар шуд. Бинои боғчаи бачагона сохтанд. Мактаби нав низ дар як канори деҳа қомат афрохт. Сокинони деҳа барои бунёди беморхона ба ҳама роҳбарони хоҷагию ноҳия арзи сипос намуданд. Кумитаи ҳизбии ноҳия беморхонаи марказиро вазифадор кард, ки беморхонаи Ҳоитро бо мутахассисон таъмин кунад. Беморхона дар як вақт барои хобондан ва табобати даҳ бемор шароит дошт. Барои нигоҳдории техникаҳои кишоварзӣ бино ва устохона соханд. Устохонае, ки бо тамоми таҷҳизот таъмин буд. Фермаи сохтаашон ба калонҳои ҷумҳурӣ ҳам писанд омад. Ферма барои 500 сар чорво. Барои захираи ем ва дигар маҳсулоти зарурӣ ду анбор низ бунёд гардид. Раҳимҷон бо заҳматкашию кордонӣ байни сокинони Ҳоит ва деҳаҳои навбунёди атроф обрӯ пайдо кард. Хурду калон бо эҳтиром дар боби хизматҳои анҷомдодааш ҳарф мезаданд.

Соли 1991 Раҳимҷон Маҳмадҷонов директори хоҷагии давлатии Ҳоит таъин шуд. Бо кӯшишу талош­ҳои вай соли 1992 хоҷагии Ҳоит ба қатори беҳтарин хоҷагиҳои давлатии ноҳияи Ғарм (Рашт) ҷой гирифт. Дар ин бора рӯзномаи ноҳиявӣ мақола чоп кард. Аз хизматҳои директори хоҷагӣ ёдовар шуд.

Афсӯс... Чарх ҳамеша ба табъи дили мардони заҳматкашу ободкор намегардад. Нооромиҳои ҷумҳурӣ ба пешрафти кор дар хоҷагӣ латма зад. Дигар мардум ноумеду озурдахотир танҳо дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ аз оғӯши даргириҳо худро берун кашанд. Дасти касе пеши кор намерафт. Раҳимҷон дар як шароити душвор кор мекард. Талош мекард, ки моли ҷамъият талаф наёбад. Коргарони хоҷагиро панду андарз мегуфт.

Вазъи хоҷагии давлатии Ясман бад шуд. Моли ҷамъиятӣ тороҷ мешуд. Силоҳдорони ношинос меомаданду амволи ҷамъиятро ба зӯрӣ мебурданд. Ҳукуматдорони ноҳия Раҳимҷонро ба хоҷагии давлатии Ясман фиристоданд. Вай вазифаи директорро ба уҳда дошт, аммо табъаш аз иваз кардани ҷои кор хуш набуд. Хоҷагии давлатии Ясман аз Ҳоит дар масофаи чор-панҷ километр дуртар ҷойгир буд. Субҳи барвақт меомад ва то нимашаб пайи кор овора буд...

Ва рӯзе силоҳдорон ба суроғаш омаданд. Мардуми маҳаллӣ набуданд. Онҳоро нашинохт, аммо ба ҳарфи эшон гӯш надод. Пеши роҳашонро гирифт. Нотарсона посух гуфт ва нафаре аз меҳмонони нохонда ҷонибаш бо таппонча тир кушод. Калавиду якпаҳлу ғалтид. Дигар касе садо баланд накард. Шояд, гумон карданд, ки раиси ҳақталошу бономус дунёро падруд гуфту рафт. Шитобзада баромаданд. Роҳгузаре болои сараш хам шуд. Оғӯштаи хун буд раис. Тир аз китф поёнтар расида аз пушташ баромада буд. Нафас мекашид. Раҳгузар марди бофаросат будааст. Захмашро мустаҳкам баст ва ӯро ба хонааш расонд. Рӯз бегоҳ шуду духтурон пинҳонӣ омаданд ба ҳавлии вай. Захмашро тоза карда бастанд. Як моҳ бистарӣ буд. Сари по хест ва по беруни дар гузошт. Боз ба хизмати мардум камар баст. Аммо зӯру тавони пештара ӯро тарк гуфта буданд. Дилшикаставу ноумед ба ҷои кор мерафт...

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ӯро ташкилоти ғайридавлатӣ, ки ба корҳои ободонӣ машғул буданд, ба кор даъват намуданд. То ба нафақа баромадан бо онҳо ҳамкорӣ кард. Боз ба корҳои сохтмон ҷалб шуд ва дар ободониҳои баъди фоҷиа ҳисса гузошт.

- Баъди ба нафақа баромадан дар хона аз бекорӣ табъам хира мешуд, - мегӯяд Раҳимҷон. - Мешунидам, ки дар деҳа бархе аз мардум машғули коре ҳастанд, мешитофтам ба ёрии онҳо. Имрӯз ҳам ташнаи кор ҳас­там. Сохтмонро дӯст медорам. Шукр, дасту поям қуввату дармон доранд. Чашмонам мисли солҳои ҷавонӣ равшану биноянд. Чаро ба манфиати ҷомеа кор накунам? Баъзеҳо дар ҳузурам ва бархе дар ғайбам таъна мезананд, ки «...умрат ба ҷое расид, тарки заҳмат бигӯ. Кунҷи масҷид бинишину фикри охиратро бикун. Ҳай дунболи дунё медавӣ...». Ба онҳо посух намегӯям, сукут меварзам. Бегоҳӣ дар хона барномаҳои телевизорро тамошо мекунам. Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинаму дар баданам неруву тавони тозаро эҳсос мекунам. Шукрона мекунам, ки Худованд барои тоҷикистониён чунин марди ҷонфидову заҳматкашро Пешво кардааст. Ӯ тамоми мардуми кишварро ба корҳои ободонӣ, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз вай бояд сабақ гирифт, на аз каси дигар. Дарси худшиносиву ватандӯстӣ, дарси ободкориву созандагӣ, дарси адолату ҳамият ва нангу номуси ватандориро. Инак, сохтмони канали навро ба анҷом расондем. Бо даъвати сарвари ҶДММ «Соҳилсоз» Раҳматулло Тоҳиров сохтмонро ба зимма гирифтам. Раҳматии падарашро хуб медонистам. Марди ободкор буд. Ба хотири вай розӣ шудам. Аз деҳаи вайронаи Девонаоб ба деҳаи Ярхич об овардем. Масофаи шаш километр. Кор душвор буд, вале бачаҳо хуб заҳмат кашиданд. Аз ин канали сохтаи мо 210 гектар замин обёрӣ мешавад: 110 гектар замини ҳамвори киштбоб ва 100 гектар зимини талу теппаҳо, ки дарахтони зиёди худрӯй доранд. Агар мардум ҳаракат кунанд, дар он мавзеъ метавонанд боғҳои зиёде бунёд кунанд ва ҳосили хуб ба даст оваранд...

Ҳамроҳ манзараҳои зебои дараи Зуғолро тамошо мекунем. Гузаштагони ҳоитиҳо бо ҳамин ном ёд мекарданд дараеро, ки кони ангишти Назарайлоқ дар кӯҳҳои осмонбӯси он ҷой гирифтааст. Паси ҳар гардиш нишони деҳаҳои харобшуда ба чашм мерасад. Ман саргарми тамошо ва ӯ аз гузаштаву имрӯз қисса мегӯяд. Ба ҳарфҳои ӯ гӯш медиҳаму дар дил аҳсант мехонам ба ӯ. Аз деҳаи Ҳоит то Девонаоб 15 километр роҳ аст. Ҳар рӯз ин масофаро тай мекарду мерафт. Ба кори сохтмон роҳбарӣ мекард. Ҳамчунин, дар таъмири асосии канали Тутак, ки зимистони гузаш­та хароб шуда буд, саҳм мегузорад. Ба воситаи ин канал беш аз 300 га замини дашту ҳамвор обёрӣ мешавад ва сокинони се деҳа бо оби нӯшокию полезӣ таъмин мегарданд. Аз он ифтихор мекунам, ки як марди кӯҳистонӣ соҳиби чунин дили бузург аст ва барои ободии диёраш, бо вуҷуди рафтани умр, пайваста талош мекунад.

Диловари МИРЗО,

Собиқадори «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: