ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!
Чанд андеша оид ба афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тоҷику тоҷикистониён ба чӣ мушкил мувоҷеҳ буданд? Кӣ боис гашт, ки бародар бародарро кушад ва кадом шахсият ин равандро боздошту ба тоҷикони пароканда ҷамъият бахшид? Дар кадом вазъият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд? Дар ҳоле ки аксар сиёсатмадорон ҳатто аз уҳдаи давлатдорӣ намебароянд, кӣ барои мо давлат сохту мо кунун давлатдорем? Кӣ дар фаъолияти худ анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, орзую омоли фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ намуд? Кӣ дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуда, дар айёми таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард? Кӣ бо мардуми худ дар эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа ва инсоният талошҳои хастагинопазир меварзад? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон дар замони роҳбарии кӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид? Бунёди миллӣ доштани забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдорӣ ба шарофати кӣ далели раднопазир гардид?
Суолҳои мазкур ва садҳо саволи дигар бояд мунтазам зеҳни моро таҳрик бахшанд, вале чанд рӯз пас - замоне ки дар кишварамон Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, қарзи инсонию рисолати виҷдони мост, ки бениҳоят ҷиддӣ дар ин бобат андешем.
Бамаврид аст шарҳ диҳам, ки афоризм сухани муъҷази ҳикматноку пандомез буда, ибрози он хоси ашхоси донишманду дурандеш ва оқилу раъиятпарвар аст. Бо назардошти ин омил, афоризм дар суханрониҳои Пешвои миллат бениҳоят зиёд буда, ба маҳбубияти боз ҳам бештари ин абармард афзудаанд. Намунаи барҷастаи ин гуфта ибораи бениҳоят таъсирбахши «Тоҷикистон, ба пеш!» аст, аммо на ҳама, хоса роҳбарони давлатҳо, дар ин ҷода комёбанд. Чун самтҳои дигар, барои мо - тоҷику тоҷикистониён дар сухандонию суханварӣ, маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибратанд. Маҳз, маҳорати олии суханварӣ барои эътирофи ин абармард дар дохил ва хориҷи кишвар таҳрик бахшид.
Қобили зикр аст, ки риторикаи сиёсӣ воситаи асосии идоракунӣ ва нигоҳдории ҳаёти ҷамъиятӣ буда, умумияти иҷтимоиро бо сиёсат ва сиёсатро бо ҷомеа тақвият мебахшад. Маҳз, риторикаи бениҳоят қавию таъсирбахши сиёсии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шудани рисолати меъёрию баҳогузорӣ, тарбиявӣ, мутобиқгардонӣ, сафарбарнамоӣ ва ғайра мусоидат намуд.
Аз оғози давлатдорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханонеро гуфтанд, ки мардуми азияткашида муштоқ буданд, амалеро анҷом доданд, ки муҳим буду саривақтӣ. Мо шоҳид будем, ки қобилияти тавассути нутқ таъсиррасонии Пешвои миллат аз аввал беназир буд ва дар ин замина, тавонистанд мардумро муттаҳид намоянд. Аз ҷумла, дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Роҳбари давлат ёд карданд, чунин гуфтанд: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Далели дигар: Тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки 29-уми марти соли 1993 аввалин бор пахш шуд, ба гурезагон муроҷиат намуданд ва хеле самимона, бо муҳаббату ихлос гуфтанд: «Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, вале як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем».
Муҳим он аст, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат унсури сохта ва сунъӣ ҷой надоранд, онҳо заминаҳои устувори маънавию таърихӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, самимияту ихлос доранд. Имрӯз ҷаҳониён дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Ин абармард муаррифгари воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорӣ мебошанд.
Барои суханвари хуб будан дониши мукаммал бояд дошт, вагарна суханпардозиҳо бемаънӣ хоҳад буд. Лозим аст, ки на танҳо дар интихоби калимаҳо, балки ба ҷобаҷогузории онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Илова бар ин, зарофат, озодии иродаи инсонӣ, дақиқият зам гардида, бо риояи назокат дар суханварӣ ифода ёбад. Табиист, ки ташаккул ёфтани маҳорати суханварӣ дар баробари худодод будан аз мутолиаю омӯзиш вобастагӣ дорад. Маҳз, дар ин замина нутқ аз илм фасоҳат мегирад ва калом мавзун мегардад.
Дар муқаддимаи китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».
Дар маҷмуъ, афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат, ки яке аз ҳазор фазли ин абмармард маҳсуб мешаванд, ҳисси худшиносию ифтихори миллии моро афзун намуда, моҳиятан роҳнамо ба фардои дурахшонтар мебошанд, зеро аз афкору мулоҳиза, завқу салиқа ва ҷасорату садоқат маншаъ гирифтаанд.
Моро мебояд бо сармашқи кор қарор додани дастуру супориш ва ҳидояте, ки аз афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат бармеоянд, дар ободии беш аз пеши Ватан ва муаррифии шоистаи он саҳмгузор бошем. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
