Аз дил ба дил роҳест
Доктори илмҳои тиб Музаффар Раҷабзода аз зумраи табибоне мебошад, ки бо сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолат комёб асту миёни ҷомеа соҳибэҳтиром.
Ӯ соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда, фаъолиятро ба ҳайси табиб-интернаи беморхонаи марказии вилояти Хатлон оғоз кард. Солҳои 1987-1990 табиби бемориҳои дарунии бахши терапевтии беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод буд. Дар ин ноҳияи дурдаст солҳои 1992-1997 ба ҳайси мудири бахши терапевтии беморхонаи марказӣ кор кард. Ду соли минбаъда дар кафедраи бемориҳои дарунии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти мавсуф ҳамчун табиб-ординатори клиникӣ идома ёфт.
Дил калиди ҳаёт ва маркази эҳсосоту зиндагии инсон аст. Аз ин рӯ, табибони амрози дил рисолати муҳимро ба зимма доранд. Пурсабриву дақиқкорӣ махсусияти онҳо маҳсуб шуда, суръати тасмимгириву табобати онҳо бояд бо шиддати набзи бемор мувофиқ бошад. Аз соли 1997 тақдири Музаффар Раҷабзода бо ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ гиреҳ хӯрд. Ин раванд аз табиби бемориҳои дили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» шурӯъ гардида, то муовини сартабиб оид ба бахши бистаринамоии муассисаи мазкур, мудири бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил масир дорад. Бо назардошти сатҳи баланди касбият, ташаббускорӣ, малакаи хоси муошират директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» таъин гардид.
Қалб оинаи ҳаёт аст ва табиби амрози дил нигоҳбони ин оина мебошад. Вежагии табиби дил дар он аст, ки ӯ бояд на танҳо ҷисм, балки руҳи беморро низ табобат кунад. Аксар бемориҳои дил аз стресс, тарсу ҳаяҷон ва фишори руҳӣ сар мезананд. Бинобар ин, номбурда ҳамчун кардиологи ҳақиқӣ, аввал бо лутфи латиф, чеҳраи хандон ва дилбардорӣ тарси беморро дур сохта, ба ташхису табобат оғоз мекунад. Рисолати табибони амрози дил ҳам аз ташхиси дақиқ, яъне дарёфти сабаби аслии дард ва омилҳои ноҷурии кори дил, шурӯъ мегардад. Сипас, тамоми ҷаҳду талош баҳри наҷоти бетаъхир тавассути пешгирии сактаи қалб ва барқарор кардани набзи ҳаёт равона хоҳад гашт. Эҳёи эътимод марҳилаи ниҳоии ин раванд ба ҳисоб рафта, дар ин замина, бемор шифо меёбад.
Кори рӯзмарраи Музаффар Раҷабзода ҳар субҳи барвақт аз аёдати ҳар як бемори бистаришуда оғоз меёбад. Ин анъанаи нек солҳои зиёд дар муассисаи онҳо роиҷ аст. Муассисаи мазкур аз рӯи таъинот сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, кормандони он масъули пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу шарён, расонидани кумаки ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиологии вилоятӣ, шуъбаҳои бемориҳои дилу шарён дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои соҳа ва омода сохтани табибони амрози дил мебошанд. Марказ аз дармонгоҳи машваративу бистаринамоӣ, озмоишгоҳи клиникию ташхисӣ, шуъбаҳои офият, рентген – ангиография, ташхис, наҷот, сактаи дил, бемориҳои музмини ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, аритмия ва нуқсонҳои дил таркиб ёфтааст. Айни замон дар он 254 нафар фаъолият доранд.
Табибони марказ бо роҳбарии Музаффар Раҷабзода иқтидори худро холисона барои шифои оҷил ва комили беморон сарф карда, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Завқи баланди зебоипарастӣ, покизагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони муассиса аз лаҳзаи аввали ба бинои марказ ворид гардидан мушоҳида мешавад.
Барои Музаффар Раҷабзода ҳар тапиши дил паёмест, ҳар як бемор сарнавиштест ва шифоёбии ҳар як мариз пирӯзии навбатӣ маҳсуб мешавад. Ин пизишки масеҳонафас бо дониши комил, таҷрибаи ғанӣ ва эҳсоси баланди масъулият миёни беморӣ ва умед пул эъмор менамояд. Хоса, дар марҳилае, ки қалби бемор аз ранҷ фишурда шудааст, маҳз маҳорату муошират қодир аст эътимодро эҳё намояд. Ӯ хуб дарк мекунад, ки пешрафти илми тиб танҳо дар сурате арзиш пайдо мекунад, ки аз самараи он инсон баҳра бардорад. Аз ин рӯ, фаъолияти илмии ӯ бо амалия ҳамгиро буда, ҳарду ба самти як ҳадафи воло - ҳифзи саломатии инсон равона гардидаанд.
Мавсуф муҳаққиқест, ки барои пешрафти илми тиб заҳмат мекашад ва муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад. Дар озмоишгоҳ, китобхона, толори конфронс ва саҳифаҳои маҷаллаҳои илмӣ низ ҳамон масъулиятеро эҳсос мекунад, ки назди бистари бемор дорад. Ҳар пажуҳиш ва ҳар натиҷаи илмӣ барои ӯ қадаме ба сӯи беҳтар шудани сифати ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои дил мебошад.
- Табиби амрози дил будан танҳо касб нест, балки масъулияти бузургест дар назди инсоният. Қалб кафолати зиндагӣ, ошёни меҳр ва умед аст ва ҳар таппиши он аз муттасил будани умри инсон дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз, табиби амрози дил рисолати ниҳоят ҷиддӣ дорад. Садоқат ба пеша, поквиҷдонӣ, накукорӣ, фарҳанги баланди муошират, эҳсоси масъулият аз меъёрҳое мебошанд, ки обрӯи табибро бамаротиб боло мебаранд, - мегӯяд номбурда.
Рӯзҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, доруву таҷҳизот ва усулҳои табобат такмил меёбанд, аммо номи нек, мақому манзалат ва одамияти табибоне амсоли Музаффар Раҷабзода, тағйирнопазир ва намунаи ибрат боқӣ хоҳад монд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «дилро ба дил роҳест».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
