https://sadoimardum.tj

Орзуи бозгашт ба Тоҷикистони зебо

№:96 (5147), 17 авг 2026, 17:43
2

Имрӯз агар ба ҳар гӯшаи Тоҷикистон сафар кунем, ҳатман бо сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавем. Мебинем, ки сайёҳон бо ҳайрат ба зебоӣ ва рангҳои ғайриодии Ҳафткӯл менигаранду манзараҳои нотакрорашро аксбардорӣ мекунанд. Дар бораи Саразми бостонӣ ва таърихи шашҳазорсолааш огоҳ шудан мехоҳанд. Дар Искандаркӯл зебоиҳои табиатро наворбардорӣ мекунанд ва дар Помир назди қуллаҳои барфпӯш аксҳои хотиравӣ мегиранд...

Солҳои соҳиб­истиқлолӣ Тоҷикис­тон тадриҷан ба яке аз кишварҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфт. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имконияти сайёҳӣ ҳанӯз пурра истифода намешуд, имрӯз вазъият комилан дигар аст. Роҳҳои нав, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боис гардиданд, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ сол ба сол афзоиш ёбад.

Аз кӯлҳои фирӯзаранг то қуллаҳои барфпӯш, аз ёдгориҳои меъморию бостонӣ то роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барои гардишгарон таваҷҷуҳбарангезанду хотирмон. Маҳз ҳамин гуногунрангии табиат, иқлими форам ва мероси гаронмояи таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ низ ин воқеиятро тасдиқ мекунанд. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 889 ҳазору 400 сайёҳи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 61 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар харитаи сиёсӣ, балки дар харитаи сайёҳии ҷаҳон низ мавқеи устувор пайдо кардааст.

Дар мамлакат заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи сайёҳӣ мунтазам такмил ёфта, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» айни замон мавриди татбиқ қарор дорад. Дар доираи татбиқи ин стратегия барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии кишвар тадбирҳои муҳиму самарабахш амалӣ мегарданд.

Соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин иқдом дар рушди соҳаи сайёҳӣ марҳилаи навро оғоз бахшид, барои эҳё ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имконияти бузурги сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки мавқеи кишварро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ таҳким мебахшанд.

Ҳамчунин, бо мақсади муаррифии мероси таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар дар арсаи байналмилалӣ як қатор барномаҳо низ амалӣ гардиданд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон мавқеи хос касб кард. Ин ҷашни бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ҳамасола бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳои ҳунарҳои мардумӣ, намоишгоҳҳои миллӣ ва барномаҳои сайёҳӣ таҷлил мешавад. Таҷлили Наврӯз ба ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар ташаккули симои мусбати Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва фарҳанги ғанӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, истифодаи Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон гуногунрангии иқлим ва табиатро мушоҳида кардан мумкин аст, ки барои бисёр кишварҳои ҷаҳон хос нест. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як рӯз аз гармои тоқатфарсои водии Вахш ба минтақаҳои барфпӯши Помир сафар намуда, ҳамзамон, аз манзараҳои дилфиребу қуллаҳои осмонбӯси кӯҳистон лаззат баранд. Маҳз ҳамин гуногунрангии табиӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил додааст.

Аммо Тоҷикистон танҳо барои дӯстдорони табиат ҷолиб нест. Ин кишвар барои ошиқони фарҳангу таърих низ ганҷинаи бебаҳост. Сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, танҳо табиат­ро намебинад. Ӯ бо одамони сарбаланд, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги меҳмоннавозӣ ва ­таомҳои миллӣ ошно мешавад. Чанд сол пеш сайёҳи олмоние баъд аз саёҳат дар Тоҷикистон гуфта буд: «Ман барои дидани кӯҳҳо омада будам, вале бо таас­сурот аз меҳрубонии мардуми ин сарзамин бармегардам».

Имрӯз дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни сайёҳӣ рушд мекунанд. Сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ, зиёратӣ, варзишӣ ва ғайра. Солҳои охир экотуризм махсусан маъруф гардидааст. Боғи миллии Тоҷикистон, ки беш аз 22 фоизи қаламрави кишварро фаро гирифтааст, барои дӯстдорони табиат биҳишти воқеӣ аст.

Дар мамнуъгоҳҳои Зоркӯл, Ромит, Даштиҷум, Боғи миллии Тоҷикистон ва Бешаи палангон намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот ҳифз мешаванд. Дар ин ҷо метавон бабри барфӣ, гӯсфанди «Марко Поло», хирси «Тиёншон» ва дигар намудҳои нодирро дид.

Самти дигаре, ки Тоҷикистонро машҳур гардондааст, туризми табобатӣ мебошад. Осоишгоҳҳои «Хоҷаобигарм», «Обигарм» ва «Шоҳамбарӣ» солҳо инҷониб на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки меҳмонони хориҷӣ ба макони табобату истироҳати писандида табдил ёфтаанд.

Ҳар як сайёҳе, ки аз Тоҷикис­тон боздид мекунад, бо худ танҳо акс намебарад. Ӯ хотираҳояшро дар бораи таърихи куҳан, меҳмоннавозии тоҷикон ва табиати афсонавӣ ба сарзамини худ мебарад. Ва ҳатман орзуи бозгашт ба Тоҷикистони зеборо мекунад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: