https://sadoimardum.tj

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино

№:96 (5147), 17 авг 2026, 17:50
3

Иқдоми беназире барои арҷгузорӣ ба Сино ва рушди илми тиб

Хонандагони азиз тавре иттилоъ доранд, 23 майи соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Вобаста ба моҳияти ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе Каримзода Мунира Бобохон суҳбати пурмуҳтаво доштем, ки пешниҳоди шумо менамоем:

- Мо қаблан Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар соҳаи илму техника доштем. Мехостам, Шумо моҳияти таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро шарҳ медодед?

- Қабл аз ҳама, бояд зикр кард, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии ибтикори қаблии Пешвои миллат дар робита ба гиромидошти хотираи ин нобиға маҳсуб мешавад. Дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» Пешвои миллат чунин нигоштаанд: «Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале, бузургтар аз ҳама, эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост».

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъд аз пошхӯрии давлати шуравӣ санае, ки ҳамасола иди касбии табибон таҷлил мегардид, моҳияти хешро аз даст дода, баъдтар аз байн рафт. Маҳз бо дастгириву ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштанд, барои зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ҳаждаҳуми августро ҳамчун Рӯзи иди касбии табибон таҷлил намудан қарор қабул гардид. Акси ин ҳакими оламшумул дар пули миллии кишвар инъикос ёфт ва ба номи ӯ майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузош­та шуд, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуд.

Илова бар ин, дар кишвар барои гиромидошти хотираи Абуалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино - ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника таъсис ёфт.

Хуб дар хотир дорем, ки ҳамон вақт низ баъзеҳо Абуалӣ ибни Синои ба онҳо ягон қаробат надоштаро мехостанд ба миллати худ мансуб намоянд. Ин раванд ҳоло ҳам қатъ нагардидааст. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар баробари дигар омилҳо, моҳиятан нуқтагузорӣ ба ин гуна «баҳс»-ҳо аст.

Хулоса, ташаббуси навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли бетаъхири мушкилоти глобалии соҳаи тандурустӣ саҳми бориз гузошта, чун дигар ибтикороти беназири сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт.

- Абуалӣ ибни Сино сарфи назар аз умри кӯтоҳ аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузошт. Вале маълумот дар бобати номгӯйи осори ин олими пурмаҳсул гуногун аст...

- Дуруст гуфтед. Ӯ аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Тавре аз маълумоти маъхазҳо бармеояд, омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ кард, дар 16-солагӣ Сино чун табиби ҳозиқ дар Бухоро эътироф шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониш дар илмҳои фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илоҳиётшиносӣ шуғл варзид. Фаъолияти эҷодии Сино 40 сол давом кард. Чунончӣ, худаш нигоштааст: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Бино ба хулосаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев онҳо 456 номгӯйро ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои дастрас, дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 23 асар бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ, эҷод шудааст. Ҳамчунин, як силсила шеърҳои тоҷикии Сино низ то замони мо расидаанд. Осори мавсуф аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китобу-л-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» - 20, «Китобу-ш-шифо» - 18, «Лисону-л-араб» - 10, «Наҷот» 3 ҷилд ва «Ал-Қонун» бошад, дар 5 китоб эҷод шудаанд. Кулли осори Сино дар такмили илм нақши муассир гузошта, арзиши баланди таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ доранд.

Боиси ифтихори мо аст, ки «Ал-Қонун» тақрибан 800 сол дар Ғарб китоби асосии тиббӣ маҳсуб меёфт. Ба он беш аз 200 шарҳу хулоса навишта шуда, баъд аз шарҳҳои «Қуръон» ва шарҳҳое, ки ба китобҳои Муҳиддин ибни Арабӣ навишта шудааст, мақоми сеюмро соҳиб мебошад. Олими машҳур Виллиям Ослер китоби «Ал-Қонун»-ро «Инҷили тиб» ва Ибни Синоро муаллифи машҳуртарин китоби дарсӣ номидааст. Агар гӯем, ки ҳанӯз дар замони худ Сино бо таълифи ин китоб дар илми тиб таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овард, муболиға нахоҳад буд.

- Агар осори ӯро раддабандӣ намоем, чӣ хулоса ҳосил мешавад?

- Асарҳои Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард, ки илмҳои ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ, тиб, илмҳои дақиқ, забону адабиёт ва санъатро фаро мегиранд. Қисмати аъзами асарҳои Сино чандин илмро фаро гирифтаанд. Барои мисол, «Донишнома» аз бобҳои «Мантиқ», «Илоҳиёт», «Табииёт», «Ҳайат» ва «Мусиқӣ» таркиб ёфтааст.

Бояд мадди назар дошт, ки дар адабиёти форсу тоҷик Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гардидааст. Андешаҳои ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро бозгӯӣ месозанд.

Олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки аксари тадқиқоти илмӣ ва усулҳои табобати Сино то ҳол дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд. Ин аст далели бузургии миллати тоҷик, ки, мутаассифона, то ҳанӯз баъзе нотавонбинон нодида мегиранд.

- Муҳаққиқон таълимоту таълифоти тиббии Абуалӣ ибни Синоро низомнок (системавӣ) номидаанд. Ин чӣ маъно дорад?

- Бояд гуфт, ки ҳамон вақт низ яке аз меъёрҳои илмияти дониш низомнок - «системавӣ» будани андеша маҳсуб мешуд, ки тибқи он, мутафаккир метавонист поягузори ин ва ё он равияи илмӣ эътироф шавад. Чунин меъёр, ки асосан ба илмҳои табиатшиносӣ мутааллиқ буд, ба илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ интиқол дода шуд. Агар мутафаккир андешаҳои фалсафӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дошта бошаду онҳоро дар шакли пароканда, номураттаб, бидуни низом боқӣ гузорад, ҳамчун асосгузори ин ва ё он бахши илм пазируфта намешуд.

Мутобиқи анъанаҳои тибби классикӣ, табиб бояд дармонбахши табиати кулли инсон бошад. Чунин талабот табибро водор месохт, ки дониши ҳаматарафа дар бораи анатомия, физиология ва психологияи инсон дошта бошад. Аз тарафи дигар, марзи муайяне миёни тибби анъанавӣ ва тибби ба илми ҳамонвақта такякунанда, яъне тибби расмии илмӣ мавҷуд набуд. Дар чунин шароит Абуалӣ ибни Сино тибби анъанавӣ ё худ мардумиро бо дастовардҳои илмии замони хеш тавъам сохта, низоми муайяни тиббиро бунёд гузошт. Барои мисол, тибби муосир зиёда аз 40 самти илмӣ-ихтисосиро дар бар мегирад. Дар замони Сино ва пеш аз он чунин самтҳои ҷудогонаи нисбатан мустақили тиббӣ вуҷуд надоштанд.

Аз ин лиҳоз, бо ҳадафи ҳарчӣ бештар ба расмият даровардани самтҳои гуногуни табобати инсон ба Сино лозим омад, ки ин самтҳоро бо меъёрҳои дониши илмӣ (таҷрибавӣ, ақлонӣ, системавӣ) санҷидаву мувофиқ сохта, онҳоро дар заминаи китоби «Ал-қонун-фит-тиб» ба низоми муайян дарорад.

- Олимони соҳа ба он назаранд, ки Сино поягузори фаҳмиши универсалии тиб ҳастанд…

- Комилан ҳамфикрам. Номбурда илми тибро мӯшикофона таҳлил намуда, аз ҷумла нигоштааст, ки «ба дурустӣ, тиб илмест, ки аз он ҳолатҳои тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносанд, то ки тандурустӣ андар ҳоли будан нигоҳ дошта шаваду андар ҳоли аз даст рафтан баргардонда шавад».

Аз назария ва амалияи Сино бармеояд, ки ягон ҷанбаи илми тиб аз назари ӯ дур намондааст. Аз навиштаҳои таърихнигорон бармеояд, ки он замон миёни аҳолӣ бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз қабили вабо, ҳорӣ, сӯхтанӣ, гулафшон, сурхча, табларза ва ғайра, хеле зиёд паҳн гардида буд. Маҳз тадқиқоти басомонрасонидаи Сино замина фароҳам овард, ки марҳилаи сифатан нави табобати ин қабил бемориҳо, ки аксарашон аз ҷониби ашхоси хурофотпараст табобатнашуданӣ арзёбӣ мегаштанд, шурӯъ шуд. Барои мисол, пешниҳодоти ӯро ҳамчун психотерапевт, яъне, ба воситаи мусиқӣ муолиҷа намудани беморон дар тамоми дунё табибон истифода мебаранд.

Сино аввалин табибе мебошад, ки хосияти муоинаи касалиҳои диабети қанд ва табобати онро пешниҳод кардааст. Саҳми ӯ дар ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ низ бориз аст. Илова бар ин, Синоро яке аз бунёдгузорони педиатрия низ меноманд. Дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ номбурда кашфиёти зиёд карда, аз 5 китоби «Ал-Қонун» дутоаш ба ин соҳа бахшида шудааст.

Аз аввалин донишмандоне буд, ки ба саломатии руҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ таъсири эҳсос ва ҳолатҳои равониро ба ҷисми инсон баррасӣ намуда, асосҳои тибби равоншиносиро гузошт. Махсусан, дар «Қонуни тиб» навъҳои гуногуни ихтилоли равонӣ, монанди меланхолия, психоз ва дигар ҳолатҳои руҳиро тавсиф намудааст. Ӯ бар он ақида буд, ки эҳсосот, фикрҳо ва ҳолатҳои руҳӣ метавонанд саломатии ҷисмонӣ ва бемориҳоро таҳти таъсир қарор диҳанд. Ин назария дар тибби муосир бо номи психосоматика маъруф аст. Барои муолиҷаи бемориҳои руҳӣ усулҳои худро дошт, ки ин усулҳо мусоҳиба, таҳдиди мантиқӣ, маслиҳат, фаҳмондадиҳӣ ва ҳавасмандкунии беморон ба ҳисоб меравад. Ин тарзи муносибат ба беморони руҳӣ ҳоло низ истифода мешавад. Дар ҳамон айём, бо назардошти маъмул набудани баррасии ҷанбаҳои ҷисмониву равонӣ ва ақлонии инсон аз дидгоҳи илми тиб Абуалӣ ибни Сино онҳоро дар асарҳои худ, ба монанди «Шифо», «Рисолаи нафс», «Ишорот ва танбеҳот», «Тадбири манзил», меҳвар қарор дод.

- Дар шарҳи Фармони Президенти кишвар аз ҷумла, зикр шудааст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад»... Ин чӣ гуна ҳадаф аст?

- Ин яке аз ҳадафҳои асосӣ буда, барои расидан ба он шароит фароҳам аст. Садҳо далели раднопазир мавҷуданд, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар ин бахши муҳим дастовардҳо бештар мегарданд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони шуравӣ дастрас намуданашон барои мо - тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти мамлакат, ба куллӣ тағйир ёфт.

Барои мо – кормандони соҳа боиси ифтихор аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии мамлакат бо кормандони соҳаи тиб 36 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба ғайр аз ин, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва муассисаҳои тиббию фармасевтӣ таҷдид гардиданд. Барои тақвияти суханонам овардани чанд далелро бамаврид медонам: агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб чор баробар афзуд. Агар солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то ин вақт зиёда аз ду ҳазор муассисаи нав сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳатман бояд ёдовар шавем, ки зуҳури коронавирус барои кормандони соҳа имтиҳони ҷиддӣ ва марҳилаи санҷиши донишу маҳорати касбӣ буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат бо арҷгузорӣ ба фаъолияти табибон минҷумла, гуфтанд, ки «имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худ­ро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд». Ин қадршиносӣ идомаи мантиқии ибтикороти ҷавонмардонаи Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Мо - табибон ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунем. Дар он айёме, ки арзишҳои инсонӣ то андозае зери суол рафта буданд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони таъсирбахшу руҳбаландсозашон «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», табибон ва кулли тоҷику тоҷикистониёнро тасалло мебахшиданд.

Дар маҷмуъ, мақсад аз таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ буда, кормандони соҳаи тандурустиро водор менамояд, ки донишу таҷриба ва малакаи хешро такмил дода, рисолаташонро хубтару беҳтар иҷро намоянд.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: