Боздиди Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи Суғд
14-уми августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Қобили зикри хос аст, ки намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегарданд, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар намоишгоҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ пешниҳод карда, меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, полезӣ ва дигар маҳсулотро бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузоштанд.
Ҳамзамон, дар растаҳои махсус ҳунарҳои мардумии сокинони вилоят ба намоиш гузошта шуданд. Маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ, муаррифӣ гардиданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ таомҳои миллии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуда, дастархони идона бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ, нонҳои суннатӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулот ороста буд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба фароҳам омадани шароити мусоид барои фаъолияти истеҳсолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.
Зикр гардид, ки бо роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, рушди кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Имрӯз рушди саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва фаровонии маҳсулот мусоидат намуда истодааст.
Баргузории ярмарка-фурӯш ва намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин чорабиниҳо бозгӯи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди устувори соҳаҳои гуногун ва саҳми арзандаи мардуми шаҳру навоҳӣ дар ободию пешрафти кишвар мебошад.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
