Тоҷикистон ва ҷаҳон
АЗ ДАРСҲОИ ТАЪРИХ ТО ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ
Вақте ки саҳифаҳои таърихро варақ мезанем, ба равшанӣ эҳсос мекунем, ки ҳастии миллати тоҷик бо фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва тамаддунсозӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо ин сарзамин на танҳо гаҳвораи илм, адаб ва давлатдорӣ, балки макони ташаккули арзишҳое буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро пояҳои зиндагии осоишта меномад. Аз ҳамин рӯ, сулҳ барои тоҷикон танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, он ҷавҳари ҳувияти миллӣ, асоси давлатдорӣ ва муҳимтарин арзиши маънавии ҷомеа мебошад.
Бо вуҷуди ин, охири асри ХХ яке аз вазнинтарин имтиҳонҳои таърихи навини миллатро ба миён овард. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор гирифт. Дар муддати кӯтоҳ пояҳои давлатдорӣ осеб диданд, иқтисодиёт фалаҷ гардид, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон хонаю кошонаи худро тарк карданд ва ҷомеа ба хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароити сарнавиштсоз тақдири давлат ба иродаи мардум ва интихоби роҳе вобаста гардид, ки метавонист Тоҷикистонро ба сӯи эҳёи миллӣ раҳнамун созад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҳз дар ҳамин лаҳзаи таърихӣ ба анҷумани сарнавиштсози миллат табдил ёфт. Дар он рӯз масъулияти роҳбарии давлат ба зиммаи шахсияте гузошта шуд, ки сулҳ, ваҳдат ва ҳифзи давлатдориро болотар аз ҳама манфиатҳои дигар медонистанд. Ин шахсият арбоби сулҳовару ваҳдатпеша, абармарди таърихи навини тоҷикон, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Аз ҳамон рӯз марҳилаи нави эҳёи Тоҷикистон оғоз гардид - марҳилае, ки пояҳои онро сулҳ, ризоияти миллӣ ва давлатсозии муосир ташкил доданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз танҳо қисми таърихи миллӣ нест. Он ба як мактаби эътирофшудаи ҳалли низоъҳо табдил ёфтааст. Агар дар солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон худ ба сулҳ эҳтиёҷ дошт, имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии он дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи гузариш аз низоъ ба сулҳу субот мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин як воқеиятеро нишон дод: сулҳе, ки бо иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, метавонад ба арзиши умумибашарӣ табдил ёбад.
Маҳз иродаи қавӣ ва хиради сулҳофарии Сарвари маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз як кишвари ҷангдида ба кишвари ташаббускори сулҳи ҷаҳонӣ расид.
Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон нишон дод, ки ҳатто баъд аз сахттарин ихтилофҳо ва осебҳои иҷтимоӣ низ метавон бо роҳи муколама, гузашт, таҳаммул ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ба созиши фарогир расид.
Ин раванд собит намуд, ки сулҳи ҳақиқӣ танҳо бо имзои санадҳо ба даст намеояд, балки он, пеш аз ҳама, дар қалби инсонҳо, дар андешаи ҷомеа ва дар иродаи сиёсии давлат ташаккул меёбад.
Имрӯз ин таҷриба дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад, зеро ҷаҳони муосир, ки ҳанӯз ҳам бо таҳдидҳои ҷанг, ифротгароӣ, терроризм, буҳронҳои сиёсӣ ва низоъҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, ба чунин таҷрибаҳои созанда ниёз дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият он аст, ки Тоҷикистон таҷрибаи миллии сулҳро ба сатҳи байналмилалӣ баровард.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла об, иқлим, ҳифзи муҳити зист ва сулҳу амният, баёнгари он мебошанд, ки кишвар танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя намекунад, балки дар ҳалли мушкилоти умумии башарият низ саҳмгузор аст.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи дипломатияи муосири Тоҷикистон қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мебошад. Аҳамияти ин ташаббус дар он аст, ки масъалаи сулҳро на танҳо ҳамчун зарурати замон, балки ҳамчун масъулияти наслҳои имрӯз дар назди ояндагон баррасӣ менамояд, зеро сулҳи пойдор заминаи асосии рушди иқтисодӣ, пешрафти илм, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Қабули чунин санади муҳими байналмилалӣ маънои онро дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти фарҳанги сулҳ, гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътироф мекунад.
Барои Тоҷикистон ин танҳо як дастоварди сиёсӣ нест. Ин эътирофи таҷрибаи кишварест, ки худ аз гирдоби низоъ наҷот ёфта, роҳи созандагии сулҳро интихоб намудааст.
Дар ҷаҳони муосир, ки тағйироти босуръати сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои фаромарзӣ ба суботу амнияти кишварҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд, масъалаи сулҳ ба яке аз муҳимтарин арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар аз ҳарвақта дарк менамояд, ки ҳеҷ кишваре наметавонад дар танҳоӣ ба мушкилоти глобалӣ посух гӯяд. Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, дипломатияи созанда ва эҳтироми манфиатҳои якдигар метавон роҳи рушди устуворро таъмин намуд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки идомаи мантиқии рисолати таърихии миллат дар роҳи ҳифзи сулҳ мебошад. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба андешаи муҳим водор месозад: сулҳ бояд танҳо хотимаи ҷанг набошад, балки бояд ҳамчун фарҳанг, тарзи тафаккур ва асоси муносибатҳои байни инсонҳо ва давлатҳо ташаккул ёбад.
Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо метавонем бо ифтихор таъкид намоем, ки истиқлол ва сулҳ ду мафҳуми ҷудонашаванда дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошанд. Агар истиқлолият имкони соҳибихтиёр буданро фароҳам овард, пас сулҳ шароити ҳифз ва рушди ин соҳибихтиёриро таъмин намуд. Имрӯз Тоҷикистон метавонад бигӯяд, ки таҷрибаи миллии он дар роҳи сулҳ ба як қисми таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли низоъҳо табдил ёфтааст. Ин дастовард на танҳо натиҷаи фаъолияти сиёсӣ, балки натиҷаи хиради таърихии миллат, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи ҷомеаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманду дурандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз вазифаи насли наврас ва ҷавон аз он иборат аст, ки ин арзишҳои муқаддас - истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва ватандӯстиро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи давлат саҳм гузорад, зеро сулҳ танҳо натиҷаи фаъолияти роҳбарон ё давлатҳо нест. Сулҳ масъулияти ҳар як инсон, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як насл мебошад.
Дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо итминон гуфт, ки роҳи тайкардаи кишвари мо роҳи эҳё, устуворӣ ва созандагист.
Қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бошад, эътирофи равшани он аст, ки садои сулҳи Тоҷикистон имрӯз берун аз марзҳои кишвар ҳам ҳамовозӣ меёбад. Ин ташаббус на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки паёми муҳаббат ба инсон, эҳтиром ба ҳаёт ва масъулият дар назди ояндаи башарият мебошад.
Сулҳи тоҷикон сулҳи як рӯз ё як давра нест. Он мероси гаронбаҳоест, ки аз имрӯз ба фардо мерасад. Он рамзи иродаи миллатест, ки аз дарсҳои таърих сабақ гирифта, роҳи созандагӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро интихоб кардааст.
Бигузор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ ҳамеша пойдор бошад. Бигузор, сулҳи тоҷикон ҳамчун чароғи умед барои наслҳои оянда ва ҳамчун саҳми шоистаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ абадӣ дурахшон монад.
Фирдавс САИДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
