https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон

№:100 (5152), 26 авг 2026, 17:34
1

Бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза – аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.

Аз ҷумла, 24 августи соли равон дар шаҳри Конибодом зимни мулоқот бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудзода дар бораи даст­о­вардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давоми 35 соли соҳиб­истиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.

- Дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз, ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои мустаҳкам мегузорад, - гуфт Н. Маҳмудзода.

Ҳамчунин, масъалаҳо вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Илҳом Камолзода 24-уми август ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терро­ристӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиё­даравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ интихобкунандагон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушду пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар ибрози андеша намуданд ва дар робита ба мавзуъҳои матраҳгардида миёни иштирокчиён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт.

24-уми август зимни вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода бо сокинони деҳоти ноҳияи Данғара масъалаҳои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дигар ­мавзуъҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеъро ҷиҳати рушди устувор, ободонии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам овард.

- Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбас­ти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбанд ва такони ҷиддие дар некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд, - афзуд М. Гулзода.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузорад.

24-уми август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва шиносоӣ бо пешниҳодҳои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Бибиосия Аюбӣ зимни суханронӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

24-уми август, ҳамчунин, мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Аҳмад Маҳмуд­зода ва Фазлиддин Икромӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Тоҷикобод доир шуд.

Вакилон зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайваста ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демок­ратӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. «Гузашти айём моро ба Ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст ояд», - иброз доштанд вакилони мардумӣ.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

Нодир ТУРСУНОВ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: