Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза - аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.
Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо интихобкунандагон ва фаъолон баргузор гардид. Дар он ҷараёни татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
- Аксарияти барномаву лоиҳаҳои муҳими давлатӣ дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба таври назаррас татбиқ гардида, садҳо корхонаву иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин шоҳкорҳо, бевосита, ба баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд, - иброз намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Мурғоб Азиз Гиёзода таъкид кард, ки Мурғоб чун дарвозаи шарқии Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати махсус ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ӯ изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва заминаи асосии эъмори давлатдории муосири тоҷикон аст.
- Аз ин ҷиҳат, аз тамоми сокинон даъват карда мешавад, ки дар шароити ҳассоси пурпечутоби ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои идеологӣ муттаҳид бошанд ва дар ободонии Ватан саҳми арзанда гузоранд, - зикр кард Азиз Гиёзода.
Дар ноҳияи Роштқалъа низ Азиз Гиёзода бо фаъолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ карда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисоди миллӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳои муҳими рушди кишвар маълумот дод.
Таъкид шуд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар аз рӯйдодҳои муҳими таърихию сиёсӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили шоистаи он аз ҳар сохтори давлатӣ, ташкилоту муассиса ва аҳолии осоишта масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстӣ тақозо менамояд.
Инчунин, ба зарурати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳит, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои ҷашнӣ ва иштироки фаъолонаи мардум дар корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин, оид ба ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти намояндагии кишвар, зарурати иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ андешаҳои судманд баён намуд.
Дар идома сокинони ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо доир ба масъалаҳои мубрами соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, рушди маҳал ва омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳоду андешаҳои худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва меҳнати созандаи сокинон таҷлил гардида, ҳар яки онҳо бояд дар ободиву пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода дар шаҳраки Шаҳринав ва деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд.
Зикр гардид, ки чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар имкон фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ беҳтар шавад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Ғиёсиддин Ашурзода изҳор дошт, ки бо сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имкон фароҳам оварда шуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва фискалӣ дар сатҳи устувор қарор дода шуда, рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад. Маҳз, бо татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ММД аз 13,4 млн. сомонии соли 1991 ба 195,5 млрд. сомонӣ дар соли 2026 баробар гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакил бо дархосту саволҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Саид Ғоибназарзода ва Неъматулло Холбойзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обу замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакилон дар суханрониҳояшон аз роҳи пуршарафу пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бебаҳо, сарчашмаи давлатдории миллӣ ва заминаи устувори рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён саволу дархостҳои худро ба вакилон пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Дар вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаким Давлатзод ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода бо сокинони деҳоти Вишхарви ноҳия таъкид шуд, ки истиқлол - неъмати бебаҳои халқи тоҷик, маҳз бо иродаи устувори миллат, фидокориву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст омада, феълан самараи пурбори онро тамоми тоҷикистониён чашида истодаанд.
- Тамоми рушду нумӯи давлати соҳибихтиёрамон маҳз аз Истиқлолу ваҳдати миллӣ маншаъ гирифта, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд намуда истодаанд. Воқеан, ҳар фарде, ки ин пешравиҳоро нодида мегирад, беаҳамиятӣ ва носипосӣ нисбати ормони ниёгон, асолату вуҷуди хеш мекунад, зеро то кунун на ҳар халқияти дунё ба чунин дастоварди беқиёс ноил шудааст, - таъкид шуд зимни вохӯрӣ.
Дар мулоқот, ҳамзамон, вобаста ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тақлид ба фарҳанги бегона, вазъи пешгӯинашавандаи олами муосир, таълиму тарбияи насли ояндасоз дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир сухан рафт.
Чунин вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаким Давлатзод дар деҳоти Нулванди ноҳия низ сурат гирифта, оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равнақи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, волоияти қонун, тавсеаи корҳои созандагию ободонӣ, тақвияти маданияти шаҳрвандӣ, сарфаю сариштакорӣ дар зиндагии ҳаррӯза, захиракунии маводи озуқаворӣ ва дигар масоили муҳим ибрози андеша карда шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
Машҳур ИМОМНАЗАР,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
