https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:105 (5157), 08 сен 2026, 16:34
9

Ҳафтуми сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта», «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил оид ба масъалаҳои интиқоли манбаъҳои радиоактивӣ», «Дар хусуси Созишнома дар бораи истифодаи муштараки маҷмааи таҷрибавӣ дар заминаи токамаки маводшиносии Қазоқистон» ва «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта аз 26 июни соли 1992» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: