https://sadoimardum.tj

Ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Қатар тақвият меёбад

№:115 (5167), 28 сен 2026, 16:47
3

25-уми сентябри соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикис­тону Қатар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Қатар бар пояи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак дар солҳои охир дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ густариш ёфтаанд.

Ҷонибҳо нақши муҳими дипломатияи парламентӣ ва гурӯҳҳои дӯстиро дар таҳкими робитаҳои байни ду кишвар таъкид намуда, зарурати идомаи табодули таҷриба, баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро зикр карданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими робитаҳо байни ҷавонон, занон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни парламентҳои Тоҷикистон ва Қатар изҳор намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: