Ҳамкориҳои парлумонӣ бо Чин баррасӣ шуд
15-уми сентябри соли 2026 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин мулоқот намуд.
- Мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар самти технологияҳои муосири кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва замин, обёрӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулот ва омода намудани мутахассисон манфиатдор ҳастем, - гуфт Рустам Латифзода.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ имкониятҳои мусоид дорад. Дар ин замина, Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин то соли 2030, ки моҳи июни соли 2025 ба имзо расидааст, аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
