https://sadoimardum.tj

Суҳбати Файзалӣ Идизода бо Иброҳим Ризоӣ

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:03
3

26-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо роҳбари гурӯҳи вакилони Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ассамблеяи парлумонии Осиё Иброҳим Ризоӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Зимни суҳбат зикр шуд, ки мардумони Тоҷикистон ва Эронро решаҳои амиқи таърихӣ, забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мепайванданд. Аз замони барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон муносибатҳои дуҷониба ба таври бесобиқа густариш ёфтанд.

- Аз вазъи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, итминон дорем, ки бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон муносибатҳо байни давлатҳои мо боз ҳам қавӣ гардида, батадриҷ ва бомаром вусъат меёбанд. Мо аз натиҷаҳои ҳамкориҳои байни Тоҷикис­тону Эрон дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, амният, фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем. Таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт имкониятҳои тарафҳо ҳамаҷониба истифода гардида, рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон ба назар мерасад, - гуфт Файзалӣ Идизода.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки ҳанӯз аз лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Маҷлиси намояндагон дар соли 2000-ум байни кишварҳоямон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, то имрӯз бомаром амал менамояд.

- Мо аз густариши устувори ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон манфиатдор буда, муколама дар доираи механизмҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва мубодилаи сафарҳои расмии ҳайатҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштарак ба харҷ хоҳем дод, - афзуд дар идомаи суҳбат Файзалӣ Идизода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: