Қабули Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои об
25-уми сентябри соли 2026 дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун арзиши тамаддунӣ ва заминаи рушди устувор дар минтақаи Осиё қабул гардид.
Қатъномаи мазкур бо ибтикори Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим таҳия шуда, аз ҷониби кишварҳои иштирокдори ҷаласа бо иттифоқи оро қабул гардид.
Дар санад об на танҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки чун арзиши муҳими маънавӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ, унсури ҷудонашавандаи муносибати инсон бо табиат ва заминаи ҳамзистии устувори ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Қатънома ба зарурати ташаккули фарҳанги об ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатӣ ва маърифатии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода, кишварҳои узвро ба таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавии маърифатӣ оид ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об даъват менамояд.
Дар ҳуҷҷат нақши ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули муносибати масъулона ба захираҳои об муҳим арзёбӣ гардида, ба рушди ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар самти об ва муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Қатънома, ҳамчунин, ба ҳифзи манбаъҳои оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, ҳамчун бахши муҳими мероси табиӣ ва фарҳангии наслҳои имрӯз ва оянда таваҷҷуҳ намуда, тақвияти ҳамкории минтақавиро дар ин самт ҷонибдорӣ мекунад.
Дар санад ташаббусҳои Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе», ҳамчун заминаи муҳим барои рушди муколама ва ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои об таъкид шудааст.
Қабули ин санад дар Душанбе ба таҳкими муносибати оқилона ба захираҳои об ва густариши ҳамкории кишварҳои Осиё дар роҳи ташаккули фарҳанги истифодаи оқилона ва устувори об равона шудааст.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
