https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Кумитаи доимии АПО дар Душанбе

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:09
4

25-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид. Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи АПО, роҳбарону ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои ин созмони бонуфуз иштирок намуданд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба қаҳрамонон, фидоиён ва бузургони миллати тоҷик меҳмонон, нахуст, дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар ифтитоҳи ҷаласаи Кумитаи доимии АПО Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки парламентҳо на танҳо қонун қабул менамоянд, балки барои ташаккули фазои эътимод, таҳкими таҳаммулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор масъулияти муҳим доранд.

- Ассамблеяи парламентии Осиё ба яке аз минбарҳои муҳими муколамаи байнипарламентӣ табдил ёфта, барои наздик намудани мавқеъҳо, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами минтақа имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Осиё гаҳвораи тамаддунҳои бузург, фарҳангҳои куҳан, забонҳо, анъанаҳо ва эътиқодҳои гуногун мебошад. Гуногунрангии тамаддунӣ ва фарҳангии қитъаи мо бояд на ҳамчун омили ҷудоӣ, балки ҳамчун сарвати муштарак ва заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ хизмат намояд. Таърихи инсоният собит намудааст, ки пешрафти воқеии ҷомеа танҳо дар фазои сулҳ, эҳтиром ба фарҳанг ва ҳувияти дигарон, муколама ва ҳамзистии созанда имконпазир аст. Аз ин рӯ, вазифаи мо – вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дипломатияи парламентӣ ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои сиёсию иҷтимоӣ, густариши робитаҳои байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем, - зикр кард Файзалӣ Идизода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иброз дошт, ки баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон - шаҳри Душанбе рӯйдоди муҳимест дар самти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва рушди парламентаризми минтақавӣ ва байналмилалӣ.

- Фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни кишварҳои аъзо равона гардидааст, ки чунин мавқеъгирӣ ва имконияти фароҳамшуда хеле муҳим мебошад, - афзуд раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои интихоби бюро, гузориши Котиби генералӣ, муҳокимаҳои умумӣ, баррасии лоиҳаҳои қатъномаҳо ва вазъи занони вакил дар Осиё баррасӣ шуданд.

Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: