Оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳо қатънома қабул шуд
25-уми сентябри соли 2026 бо пуштибонӣ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд.
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё (АПО) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он намояндагони беш аз 20 кишвари узв масъалаҳои марбут ба таҳкими сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳамкории парламентиро баррасӣ карданд.
Яке аз масъалаҳои калидӣ лоиҳаи Қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллатҳо дар партави пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» буд. Зимни баррасии лоиҳаи қатънома бо шунидани фикру андешаҳои иштирокдорони чорабинӣ он аз ҷониби кишварҳои иштирокдори АПО бо иттифоқи оро қабул гардид.
Дар таҳияи санад, ҳамчунин, ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ такя шудааст. Қатънома таъкид мекунад, ки сулҳ ва амният, рушди устувор, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамбастагии байни наслҳо бо ҳам алоқаманд буда, барои ташаккули ҷомеаҳои устувор ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳамияти калидӣ доранд.
Қатънома, ҳамзамон, ба нақши дипломатияи байналмилалӣ, дипломатияи парлумонӣ ва фарҳангӣ ва муколамаи созанда дар пешгирии низоъҳо ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо авлавият медиҳад.
Қатънома пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагии байни наслҳо, ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва рушди дипломатияи парлумонӣ дар фаъолияти минбаъдаи АПО ба таври мунтазам баррасӣ шаванд. Дар қатънома ба нақши маориф ва илм дар ташаккули фарҳанги сулҳ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва тамаддунӣ яке аз самтҳои дигари калидии Қатънома мебошад. Қатънома ба иштироки фарогири ҷомеа дар ташаккули фарҳанги сулҳ низ таваҷҷуҳ дорад. Дар он нақши ҷавонон ва занон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар таҳкими сулҳ, пешгирии ифротгароӣ ва рушди ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар қатънома ба таъсири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба сулҳ ва субот низ таваҷҷуҳ шудааст.
Қатънома аз ташаббусҳои байналмилалии кишварҳои узв, ки ба таҳкими сулҳ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, дипломатияи пешгирикунанда ва рушди ҳамкории баробарҳуқуқи байналмилалӣ равона шудаанд, истиқбол мекунад. Дар он аз парламентҳои кишварҳои узви АПО даъват мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ» саҳми фаъол гузоранд.
Қатънома танҳо ба баёни ҳадафҳо маҳдуд нашуда, механизми идомаи муколама ва табодули таҷрибаро низ пешниҳод мекунад.
Аз ҷумла, тавсия шудааст, ки парламентҳои кишварҳои узв натиҷаҳои амалисозии чорабиниҳои вобаста ба татбиқи қатъномаро дар ҷаласаҳои минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии Осиё пешниҳод ва таҷрибаи худро мубодила намоянд.
Ҷониби Тоҷикистон, дар маҷмуъ, фарҳанги сулҳро ҳамчун самти фарогири ҳамкории парламентӣ баррасӣ намуда, ба ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои Осиё дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, илм, иттилоот ва робитаҳои байниҷомеавӣ таваҷҷуҳ мекунад.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
