https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:17
2

27-уми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Туркманистон Гулманова Дунягозел Акмухаммедовна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни миллии Туркманистон - Рӯзи Истиқлолият пазиро бошед.

Туркманистон дар солҳои истиқлолият дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона бо Туркманистонро баланд арзёбӣ намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти муҳим медиҳад.

Итминон дорам, ки муколамаи байнипарламентӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар руҳияи ҳамсоягии нек ва шарикии мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, комёбиҳо дар фаъолияти пурмасъулатон ва ба Туркманистон рушди устувору шукуфоӣ орзумандам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: