https://sadoimardum.tj

Иштироки Рустам Шоҳмурод дар интихоботи вакилони Думаи давлатӣ

28 сен 2026, 09:19
3

18-20 сентябри соли 2026 интихоботи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод ба ҳайси ҳамоҳангсози кори нозирони АП СААД иштирок намуд.

Бояд зикр намуд, ки дар рӯзи овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи парламентии СААД ба мониторинги раванди интихобот, аз ҷумла аз лаҳзаи кушода шудани участкаҳои интихоботӣ, оғоз карданд.

Ҳамоҳангсози кори нозирони АП СААД, намояндаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, ки субҳи барвақт аз як қатор участкаҳои интихоботӣ дар пойтахти Россия боздид намуд, сатҳи омодагӣ ва фаъолияти аъзои комиссияҳои интихоботиро баланд арзёбӣ кард.

- Аъзои гурӯҳи кории мо, ҳангоми кушода шудани участкаҳои интихоботӣ бевосита, ҳузур доштанд. Бар асоси мушоҳидаҳои мо, бо итминони комил метавон гуфт, ки тартиботи меъёрии оғози кори субҳгоҳии участкаҳо ба таври қатъӣ риоя шуданд. Санҷиш ва муҳргузории қуттиҳои овоздиҳӣ, санҷиши таҷҳизот, инчунин, кор бо ҳуҷҷатҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи интихоботии Федератсияи Россия қатъӣ риоя шуданд, – иброз дошт Рустам Шоҳмурод.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: