https://sadoimardum.tj

Иштироки Ғиёсиддин Ашурзода дар интихоботи вакилони Қурултой

28 сен 2026, 09:24
1

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон интихоботи вакилони Қурултой баргузор шуд. Дар мониторинги раванди интихобот ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБП СПАД) иштирок намуданд. Кишвари моро дар ин ҳайат раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар доираи фаъолияти мониторингӣ бо раванди омодагӣ ва баргузории интихобот дар қитъаҳои интихоботӣ шинос шуда, ба тартиби ташкили овоздиҳӣ, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба таъкиди онҳо, иштироки намояндагони парламентҳои кишварҳои узв дар чунин миссияҳо барои табодули таҷрибаи байнипарлумонӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи интихоботии кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аҳамият дорад.

Ҳамзамон, чунин мониторинг имкон медиҳад, ки намояндагони парламентҳо раванди интихоботро бевосита мушоҳида намуда, таҷрибаи ташкили маъракаҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботиро омӯзанд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: