https://sadoimardum.tj

БОЙПОЧО ФАТҲИДДИНОВ 90-СОЛА ШУД

28 сен 2026, 09:35
3

25-уми сентябри соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 90-солагии иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бойпочо Фатҳиддинов дар мавзуи «Саҳми Бойпочо Фатҳиддинов дар рушди нақлиёти автомобилӣ ва тайёр кардани мутахассисон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ иштирок намуда, паёми табрикиро аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.

Дилафрӯз Саидӣ ҳозиринро бо Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, саҳми Бойпочо Фатҳиддиновро дар рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон таъкид кард.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: