https://sadoimardum.tj

ИШТИРОКИ МАВСУМА МУИНӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

28 сен 2026, 09:37
4

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва зимни суханронӣ иброз намуд, ки нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънои воқеии худро пайдо намудааст. Дипломатияи Тоҷикистон имрӯз дигар танҳо дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ маҳдуд намемонад. Агар солҳои аввали истиқлолият масъалаҳои асосӣ сулҳ, амният ва эҳёи давлат буданд, имрӯз Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки масъалаҳои умумибашариро ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид мекунад.

Бузургтарин намунаи ҳамин таҳаввул ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи об мебошанд. Аз «Соли байналмилалии оби тоза» то Даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт», аз Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» то конфронсҳои сатҳи баланди Душанбе оид ба об нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист масъалаеро, ки аз ҷуғрофиёи худ сарчашма мегирад, ба масъалаи тамоми башарият табдил диҳад. Имрӯз масъалаи ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳамин силсила дохил мешавад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт ва баргузории чорабиниҳои ҷаҳонӣ дар Душанбе нишон медиҳанд, ки кишвар аз мавқеи қабулкунандаи қарорҳо ба мавқеи ташаббускори рӯзномаи байналмилалӣ гузаштааст, - афзуд ӯ.

М. Муинӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯз парламентҳо ба яке аз муҳимтарин майдонҳои муколама, эҷоди эътимод ва таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ табдил ёфтаанд. Маҳз, ҳамин хусусият дипломатияи парламентиро ба яке аз воситаҳои муҳими сиёсати хориҷии муосир табдил додааст.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: