https://sadoimardum.tj

Нодиртарин ганҷи миллат

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:01
4

35 сол пеш Тоҷикистон дар баробари ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шуравӣ соҳибистиқлол шуда бошад ҳам, роҳ ба сӯйи он ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттифоқи Шуравӣ пеш гирифта шуда буд. 24 августи соли 1990-и асри гузашта, дар авҷи нобасомониҳову рақобати сиёсӣ, дар ҷаласаи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Деклоратсияи соҳибистиқлолии Тоҷикистони Шуравии Сотсиалистӣ қабул гардид. Яъне, сухан дар бораи соҳибихтиёрӣ дар доираи юрисдиксияи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ мерафт. Ҳарчанд ҳеҷ кас он замон ба таназули Иттифоқи Шуравӣ гумон надошт, аммо равандҳои сиёсию таърихӣ ин давлати абарқудратро аз байн бурданд.

Он айём дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол ҳаракатҳое ба вуҷуд омада буданд, ки аз фалокатҳои геополитикӣ дарак медоданд. Оғоз аз «баҳманмоҳи хунин», яъне соли 1990, мардуми озодатабиату соҳибмаърифат ба гирдоби низоъ кашида шуданд. Давлат пароканда гардида, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум саргардону ноумед монда буданд. Он айём мардум дар баробари аз даст додани осудагӣ ҷону хонаи худро аз даст доданд, қашшоқиҳои давомнокро аз сар гузаронда, гурезаи иҷборӣ гардиданд. Ин саҳнаҳои мудҳиш барои мардуми озодандешу покизарӯзгори тоҷик шаби бесаҳарро мемонд. Дар ин миён инфрасохтори муҳими кишвар ғорат гашта, боқимонда нест карда шуд. Аз ҷумла, НБО «Роғун», ки то соли 1990 як қисми корҳояш анҷом ёфта буд, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ нобуд гардида, сохтмону барқарорсозии он танҳо 12 сол пас бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Мутаассифона, дар ин ҷанг Тоҷикистон талафоти азим дод, 150 ҳазор нафар ҳалок гашта, 80 ҳазор тифл бесарпаноҳ монданд ва зиёда аз 1 миллион нафар гурезаи иҷборӣ шуданд. Дар авҷи ҷанги хонумонсӯз равшанфикрони Тоҷикистон, аз ҷумла вакилони онвақтаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намоянд, зеро Душанбе ноамн ва баргузории иҷлосия номумкин буд.

Дар ин иҷлосия ҷавони боғайрату озодандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин интихоби вакилон ба мардуми Тоҷикистон умеди тоза бахшид.

Пас аз барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқиро, ки барои эҳёи аркони давлатӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва озодии кишвар, таъмини волоияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон рабт доштанд, қабул намуд. Қабул гардидани ин ҳуҷҷатҳои муҳим шаҳодат аз он медиҳад, ки аз баргузории иҷлосияи зикршуда соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон амри воқеӣ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ­дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона тамоми кӯшишу ғайрати худро равона карданд. Аз ҷумла, 12-уми декбари соли 1992 Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «Заминаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав кардан, онро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил додан ва барои таъсиси давлати нав - давлати демократӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, замина гузоштан зарур аст».

Ғайр аз ин, дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодии кишвар бо ташаб­буси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ қабул гардид. Инчунин, бо ибтикори Роҳбари давлат зиёда аз 1 миллион муҳоҷири иҷборие, ки ба кишварҳои дигар паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҳамчунин, бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо хотима ёфт.

Ин шахсияти таърихӣ на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳо бахшида, самти дурусти рушд­ро пешниҳод карданд, балки тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати бениҳоят баланд гардонанд.

Равандҳои сиёсие, ки дар ҷаҳон ҷараён доранд, бори дигар собит месозад, ки Истиқлолият, воқеан, дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, нодиртарин ганҷи миллат маҳсуб меёбад. Боиси хурсандӣ ва ифтихори мо – тоҷикистониён аст, ки дар ин ҷаҳони ноором соҳиби марзу бум, сарзамини худ ва забони модарии худ ҳастем ва сармашқи кори мо суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аст: «Ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!».

Лайлӣ АҲМАДОВА,

сармутахассиси шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: