Иштироки Бахтиёр Аҳмадзода дар Конфронси байналмилалӣ
Рӯзҳои 29-30-юми сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамсояҳо ба хотири сулҳ: ҳамкории минтақавӣ оид ба Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ӯ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Афғонистон қисми ҷудонашавандаи фазои минтақавӣ буда, сулҳ, субот ва рушди устувори ин кишвар бевосита бо амният ва некуаҳволии давлатҳои ҳамсоя ва минтақа алоқаманд мебошад.
- Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот арзиши хоса дорад. Бо такя ба таҷрибаи таърихии худ кишвари мо пайваста ҷонибдори ҳалли ихтилофот бо роҳҳои осоишта ва сиёсию дипломатӣ, рушди фарҳанги муколама ва таҳкими эътимоди мутақобила мебошад. Маҳз дар ҳамин замина, бояд ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» арзёбӣ гардад. Сарвари давлати мо ин ташаббусро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда, зарурати муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба хотири сулҳ, амният, субот ва рушди устувор таъкид намуданд. Мазмун ва ҳадафҳои ин ташаббус бо мавзуи конфронси имрӯза ҳамоҳангии хоса доранд. Сулҳ бояд на танҳо ҳамчун набудани низоъ арзёбӣ гардад. Сулҳ, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароитест, ки давлатҳо ва халқҳо тавонанд рушд кунанд, ҳамкорӣ намоянд ва ояндаи худро дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод ва масъулият дар назди наслҳои минбаъда бунёд созанд. Дар ин раванд дипломатияи парламентӣ механизмҳои анъанавии муносибатҳои байнидавлатиро пурра намуда, имкониятҳои иловагиро барои мубодилаи ошкорои афкор, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва пайдо намудани нуктаҳои муштарак фароҳам меорад, - таъкид намуд Бахтиёр Аҳмадзода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
