https://sadoimardum.tj

Қалъаи Ҳисор - саҳифаи пурбаҳои таърихи миллат

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:22
2

27-уми сентябри соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҳайати меҳмонон-иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, аз Қалъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд.

Ба меҳмонон доир ба таърихи қалъа маълумоти илмию этнографӣ манзур шуд. Зикр гардид, ки қалъа дар шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дошта, зиёда аз 2500 сол қабл сохта шудааст.

Қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ - уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳноӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. Дарвозаҳои он дар асри XVI сохта шуда, дар замони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдид гардидаанд.

Пас аз истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор, ба империяи Россия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳарбиёни Россияву Аврупо дар ҳамаи бекигарию амлокдорӣ ҳуқуқи озодона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд.

Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби Экспедитсияи Ҳисор маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада, ба омӯзишу таҳқиқи рустанию ҳайвонот, обҳои табиию конҳои пурасрор, захираю манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми одӣ машғул мешуданд.

Меҳмонон, инчунин, аз масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ба номи Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) боздид ба амал оварданд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: