https://sadoimardum.tj

Боздиди иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи доимии АПО аз бинои нави парлумони тоҷикистон

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:24
1

Тавре хабар дода будем, рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Дабири кул ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои ин созмони бонуфуз иштирок намуданд.

Дар доираи ин чорабиниҳо 26-уми сентябр ҳайати меҳмонон аз бинои нави Маҷлиси Олӣ - парлумони Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Тарҳу санъати наққошии бино, толорҳои барҳаво, пазироии тоҷикона ва самимӣ ба меҳмонон ҳузуру ҳаловати тоза бахшид.

Сайру саёҳати меҳмонон, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик бо боздид аз мавзеъҳои таърихии кишварамон идома ёфт.

Ҳамчунин дигар маводҳо: