Нақши дипломатияи парламентӣ баррасӣ шуд
29-уми сентябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Зикр гардид, ки дар шароити тағйирёбии босуръати муҳити байналмилалӣ дипломатияи парламентӣ ба яке аз роҳҳои муҳими рушди муколама, таҳкими эътимод ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст. Парламентҳо тавассути робитаҳои мустақим, гурӯҳҳои дӯстӣ, созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ метавонанд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Дар чорабинӣ нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байнипарламентӣ, инчунин, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешбурди ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии дастовардҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба нақши занон дар дипломатияи парламентӣ, рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ, рақамикунонӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи рақамӣ, инчунин, аҳамияти тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар фарҷоми суҳбат вобаста ба такмили фаъолияти байналмилалии Маҷлиси намояндагон ва рушди минбаъдаи дипломатияи парламентӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул шуданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
